ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласа оид ба даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон-Раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Матлубахон Сатториён, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва дигар идораҳои марбута ҷаласа оид ба даъвати ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.
Иштирокчиён сараввал даъвати тирамоҳии соли 2022-юмро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, аз монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъвати шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама, нафарони руҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Ҳамзамон масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва ҷоннок намудани корҳои мақсаднок дар ҷараёни ин маърака аз масъалаҳои дигари баррасигардида дар ин ҷамъомад маҳсуб мешавад, ки аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.
Дар қисмати охири ҷамъомад иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ вазифадор карда шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд






