ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКҲО БЕҲТАР ВА ПАСАНДОЗИ АҲОЛӢ БЕШТАР. Дар Бадахшон имконияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд мешавад

Март 14, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки 15 март мебошад, дар шаҳри Хоруғ имконияти хизматрасонии бонкҳо ба аҳолӣ муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Бояд иброз дошт, ки сол аз сол сифати хизматрасонии бонкҳо ба аҳолӣ беҳтар гардида, маблағи пасандозҳои мардум дар бонкҳо ба маротиб зиёд мешавад.

Тавре мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Зайнулараб Қозидавлатзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, “низоми бонкии вилоят давоми соли 2022 ба амалӣ кардани сиёсати пайгирона ва самарабахши пуливу қарзӣ ва асъори миллӣ барои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Бонки миллӣ ва вилоят ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона карда шуд. Яке аз дастовардҳои низоми бонкии минтақа дар соли сипаригардида- ин ба фаъолият оғоз намудани филиали Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк», марказҳои хизматрасонии бонкии «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ ва дар ноҳияи Шуғнон, филиали «Ориёнбонк» дар шаҳр ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон бояд гуфт, ки марказҳои хизматрасонии бонкии «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Хоруғ ва «Бонки Арванд» ба биноҳои нави замонавӣ кӯчонида шуданд. Маркази хизматрасонии бонкии филиали «Амонатбонк» дар Ҷамоати деҳоти Баррӯшони ноҳияи Рӯшон таъмир карда шуда, ба беҳтаршавии сифати хизматрасонии бонкӣ мусоидат намуд”.

Мавсуф тазаккур дод, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 69 воҳиди сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти солона ба зиёдшавии бақияи сандуқи қарзӣ 27 фоиз, қарзҳои додашуда 21 фоиз, бақияи пасандозҳо 2,2 фоиз нисбат ба соли гузашта тамоюли афзоиш доранд. Бояд гуфт, ки соли 2022, бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта ва таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, инчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва бинобар ин сабабҳо – ҷорӣ шудани баъзе маҳдудият дар фаъолияти иқтисодию молиявӣ ва савдои берунӣ аз ҷониби низоми бонкӣ фаъолияти ҳадафманду натиҷабахш ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷа сатҳи начандон баланди таваррум ва устувории қурби пули миллӣ нигоҳ дошта шуда, қарзҳои додашуда ва пасандозҳо дар низоми бонкии минтақа зиёд ва ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода коҳиш дода шуд.

Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои мамлакат қарор дода шавад: «Ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад».

Дар баробари ин, бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти вилоят бори нахуст дар таърихи низоми бонкии вилоят озмун оид ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ эълон карда шуд. Аз байни 512 нафар корманди низоми бонкӣ 39 (7%) нафар дар номинатсияҳои беҳтарин роҳбари филиали бонкӣ, беҳтарин роҳбари маркази хизматрасонии бонкӣ, беҳтарин корманди соҳаи қарзӣ ва беҳтарин корманди интиқоли маблағҳо ва пасандозҳо сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо сипосномаҳои Раиси вилоят ва роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ қадрдонӣ карда шуд.

Дар айни замон шабакаи терминалии Ташкилоти қарзии минтақа (ТҚМ) дар тамоми вилоят васеъ паҳн гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки то моҳи январи соли 2023 аз ҷониби 6 ташкилоти қарзии минтақа (ТҚМ) дар маҷмуъ 109 453 адад корти пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19 фоиз зиёд мебошад.

Ташкилоти қарзии минтақа барои бо пули нақд таъмин намудани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 35 банкомат ва 82 терминали электронӣ насб намуд, ки нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 40 фоиз ва 5 фоиз зиёд мебошанд.

Илова бар ин, барои қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 277 адад POS-терминал ва 107 QR рамз насб карда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 теъдоди онҳо мутаносибан 25 фоиз ва 30 фоиз зиёд мебошад.

Ба ин тартиб, соли 2022 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 100 542 адад амалиёт ба маблағи 16,4 млн сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо назар ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯйи шумора 1,5 маротиба ва аз рӯйи ҳаҷми амалиёти гузаронида 1,6 маротиба зиёд мебошад.

Зайнулараб Қозидавлатзода иброз намуд, ки барои пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани ҳамаи пардохтҳои ҳатмии буҷавӣ теъдоди таҳҷизот, бахусус POS –терминалҳо ва QR –рамзҳо дар қаламрави вилоят қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз ташкилоти қарзии минтақа уҳдадор мешаванд, ки давоми шаш моҳи соли 2023 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетиро бо кортҳои пардохтӣ таъмин намоянд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, бахусус наврасон ва ҷавонони вилоят дар умум бо иштироки 500 нафар иштироккунанда аз ҷониби низоми бонкии минтақа чорабиниҳои «Global Money Week» ва «Пасандози ман», барномаҳои мобилӣ ва интернетӣ, ба монанди Амонат — мобайли «Амонатбонк», FMFB-Pay-и «АБМХ», ҳамёнҳои мобилии Бонки «Арванд», Бонки «Эсхата» ва «Душанбе Сити бонк» баргузор карда шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ /ВМКБ

Март 14, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон созишномаи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1051 то 0.1070 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуд
Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад
Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид
Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд