Имрӯз дар Душанбе маҳфили ёдбуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ба поси хотири дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, коргардони театр ва кино, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, устоди ҳунар шодравон Убайдулло Раҷабов маҳфили ёдбуд баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Нақшҳои хотирмону дилангези Убайдулло Раҷабов дар саҳнаҳои театру кинои миллӣ аз хотири тамошобинону алоқамандони соҳаи театру синамо зудуда нахоҳад шуд. Ҳаёту фаъолияти ӯ дар саҳнаҳои театру кино сипарӣ гардида, дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои ҳунарии «Зумрад» (1962), «Замони осоишта» (1965), «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги дурудароз» (1975), «Салом, Гулнора Раҳимовна» (1986), «Воқеа дар фурудгоҳ» (1987), «Номзад» (1990), «Асрори Нуҳ пайғамбар» (1992), «Буд набуд» (2002), «Муҷассамаи ишқ» (2003), «Фаришта» (2010) ва дар саҳнаҳои ҳаҷвии киномаҷаллаи мазҳакавии «Калтак».
Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 таваллуд шудааст. Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбарии бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина»-ро ба уҳда дошт.
Ӯ фидоии касби хеш буд ва тамоми ҳастиашро ба рушди театр ва руҳбаландии тамошобин бахшид.
Нақшҳои офаридаи мавсуф такрорнашавандаанд, зеро ӯ ҳунарманди нотакрор буд.
АКС аз бойгонӣ








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






