Имрӯз маросими қуръакашии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 17-сола баргузор мегардад

Март 30, 2023 08:40

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бангкоки Таиланд маросими қуръакашии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 17-сола баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар сабади якум ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Тайланд қарор гирифтааст. Дар сабади дуюм дастаҳои мунтахаби наврасони Ҳиндустон, Эрон, Австралия ва Яман мавқеъ гирифтаанд. Дастаи мунтахаби наврасони Малайзия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон ва Ветнам шомили сабади сеюм ҳастанд. Дар сабади чаҳорум дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Лаос, Чин ва Қатар ҷой гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз пас аз маросими қуръакашӣ дастаҳои мунтахаб ҳарифонашонро пайдо мекунанд.

Ҷоми Осиё миёни дастаҳои мунтахаби то 17-сола аз 17 июн то 2 июли соли 2023 дар шаҳри Тайланд дар байни 16 дастаи мунтахаб баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 30, 2023 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд