КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СММ ОИД БА ОБ. Вобаста ба он «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ» нашр шуд

Март 21, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Конференсияи дуюми байналмилалии СММ оид ба об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Америка баргузор мегардад, нашри махсуси «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ» ба нашр расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Нашри мазкур дар доираи ташаббуси чоруми глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» омода карда шудааст.

Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ ҷамъ оварда шуда, дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни консепсияи «Об  барои рушди устувор», саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муаррифӣ, пешбурд ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва глобалӣ дар бахши об, мушкилоти ташаккули сиёсати миллӣ ва минтақавии обӣ, татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар бахши об, нигоҳдории экосистемаҳои обӣ, амнияти обӣ,  ҳалли мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва дурнамои рушди бахши об аз лиҳози таъмини муътадили рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳо ва умуман ҷаҳони имрўза ҳамаҷониба таҳқиқ шудаанд.

Инчунин сатҳи татбиқи Хадафҳои Рушди Устувор, ки ба об алоқаманданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид