«МАТБУОТИ ТОҶИК-ОИНАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
КӮЛОБ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 март дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Матбуоти тоҷик-оинаи худшиносии миллӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиш иброз дошта шуд, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. 111 сол муқаддам, дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо мебошад. Матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, пураҳамият ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст.
Гуфта шуд, ки имрӯз саҳми арзандаи рӯзноманигорон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа калон аст ва онҳо дар ҳама давру замон ҳамдаму ҳамнафаси халқ буданд, ҳастанд ва дар оянда низ манфиатҳои ҷомеаро дар мадди аввал мегузоранд.
«Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии мамлакат собитқадамона иштирок намуда, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа, баҳри рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд.
Матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат буда, ҳамчун сарчашмаи муътамади иттилоъ боқӣ мондааст. Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имконияти озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устуворро ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд»,- гуфта шуд дар ҳамоиши илмӣ-назариявӣ.
Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони фаъол барои масъулияти баланди касбӣ, хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






