Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст

Март 20, 2023 19:49

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳодисаи хеле нодири осмонӣ – мавҷудияти якбораи якчанд сайёра дар осмон аст, ки онҳоро бо чашм дидан мумкин аст ва ин ҳолатро метавон дар моҳи март мушоҳида кард», —изҳор дошт ба РИА«Новости» дар Рӯзи байналмилалии планетарийҳо (бино ё майдони махсусе, ки дар он ҷо ҳаракати сайёраҳоро дидан мумкин аст) директори илмии планетарияи Москва Фаина Рублёва.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар баробари ин директори илмии планетария мушаххас намуд, ки падидаи махсусан ҷолиб – наздикшавии сайёраи Зуҳра (Венера), Моҳ ва Муштарӣ (Юпитер)- буд, замоне ки дар осмон якчанд тӯбҳои дурахшонро мушоҳида кардан мумкин буд ва ин ҳодиса аллакай дар аввали моҳи март шуда гузашт.

Ӯ боз як ҳодисаи муҳими астрономӣ — 21 март баробар шудани шабу рӯзро тавсиф кард, ки Офтоб аз хатти экватори осмонӣ убур карда, аз нимкураи ҷанубӣ ба шимол ҳаракат мекунад. Он лаҳза дар он қисмати сайёра, ки Русия дар он воқеъ аст, баҳори астрономӣ фаро мерасад.

Каме дертар, аллакай дар моҳи апрел, гирифти гибридии Офтоб ба вуқуъ мепайвандад, ки марҳилаҳои гирифташавии ҳалқавӣ ва пурраро пайваст менамояд. Гирифти Офтобро аз Австралия ва Индонезия мушоҳида кардан мумкин аст.

5 май гирифта шудани Моҳ ба таври нимпурра ба амал меояд, ки он аз қаламрави Федератсияи Русия қисман мушоҳида карда мешавад. Илова бар ин, моҳи апрел борони шиҳобии Лирид фаъол хоҳад шуд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 20, 2023 19:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд