«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Пешвои миллат дар эҳё, рушд ва ҷаҳонишавии Наврӯз» — таҳти чунин унвон 16 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки масъулини Кумита ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумита.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳонишавии Ҷашни байналмилалии Наврӯз маҳсуб мешавад.
Таъкид карда шуд, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббус амалӣ гардида, ҷиҳати бештар аз пештар бо шаҳомати хосса таҷлил гардидани он шароити мусоид фароҳам овард.
Гуфта шуд, ки Наврӯз – яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, рӯзи аввали баҳор – саршавии киштукор, бедоршавии табиат ва олами наботот мебошад.
«Мояи ифтихор аст, ки Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад»,-иброз гардид зимни ҳамоиш.
Ҳамзамон дар ҳамоиш вобаста ба иҷрои қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз тероризму экстремизм, таълимоти динии ғайрирасмӣ, нашъамандию ҷинояткорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани илмҳои дақиқ, саҳмгузорӣ дар рушду ободонии мамлакат, ҳимояи арзишҳои миллӣ, хизмати садоқатмандона ба Ватан, эҳтироми волидайн ва калонсолон ибрози назар карда шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби масъулини Кумита ба омӯзгорону донишҷӯён Сипоснома супорида шуд. Силсилабарномаҳои оммавию варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ, ҳарбию ватандӯстӣ ва маърифативу иттилоотӣ тибқи Нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Ҷашни байнналмилалии Наврӯз дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд






