«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Имрӯз дар шаҳри Душанбе фестивал доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 15:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.
Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, намоиши либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.
Мояи сарбаландии мардуми мамлакат аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст, зеро он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир маҳсуб мешавад.
Дар фасли зебои баҳор, ки табиат эҳё мегардад, мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз гашта, шумораи зиёди сайёҳон ба дидани ватани аҷдодии Наврӯз -Тоҷикистон рағбат доранд.
Имрӯзҳо маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сарзаминамон дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он ба боло бурдани нуфузи мамлакат ҳамчун давлати дорои тамаддуни бою қадимӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






