Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» форуми байналмилалӣ доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пеш аз оғози форум иштирокчиён, ки аз ҳисоби занон – дипломатҳои ҳавзаи Наврӯз аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон, ходимони илм, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ буданд, намоишгоҳи идонаро тамошо намуда, бо раванди пухтани суманак шинос шуданд.
Зимни форум сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки Наврӯз барои миллати орёитабор на танҳо ҷашн, балки анъанаи пурғановат, мероси гаронбаҳои ниёгон ва рамзи пайванди наслҳо мебошад. Ин ҷашни фархунда моро ба покӣ, созандагӣ, меҳнатдӯстӣ ва умед ба ояндаи дурахшон раҳнамун месозад.
«Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Наврӯз ба падидаи муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, ҳар сол дар саросари мамлакат чорабиниҳо гуногуни илмию фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихор аз Ватан мусоидат мекунанд»,-баён намуд Зулфия Давлатзода.
Дар форум Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода изҳор намуд, ки Наврӯзи байналмилалӣ ҷашни пурнуру рамзи навсозӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳост. Занон дар ҳама давру замон дар чунин ҷашнҳои миллӣ нигаҳдорандагони анъанаҳо, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ ба ҳисоб мераванд.
Иброз шуд, ки соли 2025 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Наврӯз- ҷашни ваҳдати занон» форуми занон бо муваффақият баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба минбари муҳими таҳкими ҳамбастагӣ, табодули таҷриба ва пешбурди ташаббусҳо дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа табдил ёфт.
«Форуми имрӯза идомаи шоистаи ҳамин анъана мебошад. Итминон дорам, ки он манбаи андешаҳои тоза, илҳом ва тарҳҳои муштараке хоҳад гардид, ки ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа мусоидат мекунад», – гуфт Бунафша Файзиддинзода.
Коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон Наргис Зиявиддинова дар форум изҳор дошт, ки имрӯз муносибатҳо байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав баромада, маҳз ҳамкории самараноки ҷомеаи имрӯза бо сохторҳои давлатӣ имкон фароҳам овардааст, ки ба қадамҳои муҳим, аз ҷумла пешбурди баробарии гендерӣ, таҳкими сулҳ ва суботи иҷтимоӣ ноил гардем.
«Ин форум намунаи равшани чунин ҳамкории созанда мебошад. Он барои мубодила, таҷриба, ҳамоҳангсозии талошҳо ва ташкили платформаи нави ҳамкорӣ байни давлатҳо хизмат мекунад. Мо омадаем, ки ин ҳамкориро боз ҳам густариш диҳем. Дар якҷоягӣ барои ояндаи осоишта ва шукуфоии минтақа саҳм гузорем», – таъкид кард Наргис Зиявиддинова.
Тазаккур дода шуд, ки вохӯрии имрӯза дар марҳилаи хосе баргузор мегардад, ки дар минтақаи мо сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ рӯз аз рӯз таҳким меёбад. Далели равшани ин раванд имзои санадҳои таърихӣ дар соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошанд, ки дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории судмандро таҳким бахшида, ба рамзи ваҳдат ва ояндаи устувор табдил ёфтаанд.
«Мо, занон таваҷҷуҳ ва дастгирии сарони давлатҳоямонро амиқан қадр менамоем ва саҳми онҳоро дар таҳкими робитаҳои байни давлатҳоямон, инчунин пешбурди баробарҳуқуқӣ ва фароҳам овардани имконияти васеъ барои занон баланд арзёбӣ мекунем. Ин ҳама ҷузъи ҷудонопазири талошҳои муштараки мо дар роҳи рушди муносибатҳои устувор ва барои ҳар ҷониб судманд ба шумор меравад», – изҳор доштанд занон – дипломатҳои ҳавзаи Наврӯз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон.
Ёдовар мешавем, ки дар форум мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла саҳми занон дар эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, нақши оила дар нигоҳдории расму ойинҳои наврӯзӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси ғайримоддӣ баррасӣ гардиданд.
Чунин форумҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таҳкими ҳамгироии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва арҷгузорӣ ба саҳми занон дар рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид






