Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

Март 31, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Корези Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи суннатҳои миллӣ ва  шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Дар доираи чорабинӣ сокинони деҳа бо руҳияи баланди идона анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла оростани дастархони наврӯзӣ, пухтани таомҳои миллӣ ва бозиҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон ҳунармандон маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, меҳмононро бо расму ойинҳои қадимии тоҷикон шинос карданд.

Иброз гардид, ки чунин чорабиниҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мероси ниёгон ва рушди сайёҳии дохилӣ замина фароҳам меоранд.

Сокинон ва меҳмонон бо суруду рақсҳои идона фазои шодию нишотро афзун намуда, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо эҳсоси ифтихор таҷлил карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Март 31, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд