Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону ҳайати шахсии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тибқи анъанаю суннатҳои неки наврӯзӣ бо шодиву фараҳ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат таҷлил намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин прокуратура.
Тибқи хабари манбаъ, ҳамчун рамзи эҳтиром ба ҷашни ниёгон ва пос доштани суннатҳои дерини наврӯзӣ кормандони прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ бо руҳияи болида дар базми идона суфраи наврӯзӣ ороста, дар он хӯрокҳои миллӣ ва дигар анъанаҳои хоси ин ҷашни аҷдодиро ба маъраз гузоштанд.
Роҳбарияти прокуратураи ҳарбӣ ҳамроҳ бо ҳайати меҳмонон аз суфраҳои наврӯзӣ, ҳунари кадбонуҳои низомӣ ва дигар тантанаҳои идона боздид намуда, ба он баҳои баланд доданд
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз Тоҳирзода дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз иброз намуд, ки ҷашни Наврӯз бо азму талош ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё шуда, мақоми ҷаҳонӣ гирифт.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо Наврӯзро дар аксар кишварҳои олам ҳамчун эҳёи табиат, баробаршавии шабу рӯз ва оғози соли нав истиқбол мегиранд.
Иброз гардид, ки Наврӯз ҳамаро ба накӯиву накӯкорӣ, ҳамзистӣ дар фазои амну субот ва ваҳдату ҳамдилӣ даъват мекунад. Наврӯз имрӯз барои аҳли башар хизмат мекунад ва фалсафаи Наврӯзро дӯстию рафоқат, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва ободкориву созандагӣ ташкил медиҳад.
АКС: Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд













Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






