ОМАДАНАШ ФАРРУХУ ФАРХУНДА БОД! Дар адабиёти классик ва муосири тоҷик баҳору Наврӯз бо самимияти хосса тараннум гардидааст

Март 21, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шояд як сабаби дар адабиёти классику муосири тоҷик зиёд васф гардидани   баҳору Наврӯз ин табиати нотакрор, зебою афсунгар ва дилрабои сарзамини  мост, ки бо омадани ин фасл дашту даманаш гулпўшу гулрез гашта,  қалбҳоро тасхир карда,  ба кас илҳоми тоза мебахшад.

Тавре ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоира ХОЛИҚОВА изҳор дошт, дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу баҳорро бо маҳорату шавқи хоси шоирона, эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд. Дар зер андешаҳои ўро пурра  манзури хонандагон мегардонем.

— Воқеан ҷашни Наврӯз, ки ба фасли зебои сол — баҳори нозанин рост омадааст, бо омаданаш ба қалбҳо шодиву сурур мебахшад. Ҳанӯз дар гузаштаҳои дури дур Манучеҳрии Домғонӣ нигошта буд:

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.

Мувофиқи ривояти маъхазҳои таърихӣ, дар давраи подшоҳии Каюмарс баробаршавии шабу рӯзро кашф карданд ва ба ибтидои ҷашни Наврӯз ва солшуморӣ дар ин айём замина бунёд намуданд. Яке аз сарчашмаҳои муҳим барои шинохти Наврӯз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём мебошад. Таърихи пайдоиши Наврӯзро Фирдавсии бузургвор дар асари бегазанду безаволи худ чунин арз медорад:

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд.
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ бозгӯи онанд, ки ин ҷашн чӣ дар дарбор ва чӣ дар байни оммаи мардум бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешуд. Подшоҳон хайру саховатмандӣ, адлу додгустариро пеша мекарданд, базмҳо меоростанд ва ба писандтарин қасида ва мадеҳаҳои наврӯзӣ ҳадяҳо мебахшиданд.

Олим ва донишманди асрҳои гузашта Абӯрайҳони Берунӣ низ дар асараш «Осор-ул-боқия» чунин нигоштааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва инчунин дар асари дигари худ «Ат-тафҳим» навиштааст, ки «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст».

Барҳақ, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ба ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин табдил ёфта, мақоми он дар фарҳанги тоҷик ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукуҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату замин, неруи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкориву накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ин ягон боду газандҳои рӯзгору зарбаҳои таърих натавонист Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси онро аз байн барад.

Истиқлоли ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор гашта, урфу одат, расму ойини миллии ниёгон ва арзишҳои муқаддаси аҷдодиамон дар симои Наврӯз дубора эҳё гашта, ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёбанд. Ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид. Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор «Тоҷикистон -Ватани Наврӯз аст!» мегӯяд:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар
Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.

Ҳама дар пероҳани наврӯз аст
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст…

Сабзгун ҳама пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.

Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст…

  Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд, сулҳу оромиро тақдим мекунад. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои куҳна ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад. Шоири маҳбубу машҳури замони мо Фарзона Наврӯзро ба «Ҷони ҷаҳонсоз» шабеҳ дода, бо як эҳсосоти ба худ хоси шоирона мегӯяд:

Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Сад шукри ту, эй Ҷони ҷаҳонсоз намудем.

Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.

Хуршедтарин, субҳтарин хотираҳоро
Аз дуртарин панҷара овоз намудем.

Андози баҳор аст напардохта ҳоло,
Бо он ки адои ҳама андоз намудем.

Он ҳавсалаҳои фалаҷи коғазии мо
Чун бодбарак буду фалактоз намудем.

Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки омӯзиш ва шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба, ғояҳои арзишманди он то ҳол манзалати худро гум накардааст, балки боз асолату назокати наву рангин касб намуда, барои бедор намудани худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи худ барои наслҳои оянда хеле муҳим буда, аз ҳамаи мо онро тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми ин мероси аҷдодиамонро муқаддас шуморему ба ёдгор бимонем.

 АКС аз АМИТ «Ховар»

Март 21, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст