Ба беш аз 13 ҳазор оилаи ноҳияи Муъминобод «Шоҳнома»-и безавол тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштагонамон ба 13 ҳазору 383 оила дар ноҳияи Муъминобод китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тақдим мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.
Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро «ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад» номида, таъкид менамоянд, ки ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Ин асар пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли мамлакат, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳалли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Ин озмун ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад. Озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад.
Сарпарасти озмун Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






