«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». 19 март дар пойтахт Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мешавад

Март 15, 2023 09:56

ДУШАНБЕ, 15.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 март, соати 11:00 дар «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар мусобиқа барои ғолиби ҷойи якум 10 000 доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар, ҷойҳои сеюм 3 000 муқаррар гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода изҳор дошт, мусобиқаи мазкур бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир шуда, дар он варзишгарони 25 давлати дунё иштирок менамоянд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг байни ҳам рақобат менамоянд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 30 варзишгари муваффақи мамлакат муаррифӣ менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2023 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст