Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ карданд

Март 13, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Дар асоси лоиҳа бинои Раёсат сеошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат буда, барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст.

Маҷлисгоҳи бинои Раёсат 70 ҷойи нишаст дошта, бо нишастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи иттилоотӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар китобхона дар баробари китобҳои соҳавӣ номгӯйи зиёди асарҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд, ки минбаъд кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити бинои навбунёди Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, аз сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандонро ба хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанбе 13.03.2023

Март 13, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд