Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти корхонаи парандапарварии «Мурғи бебаҳо» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди “Мурғи бебаҳо” дар доираи тантанаҳои ҷашни бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳад Қодиров дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардида, дорои шароити муосири кору хизматрасонӣ мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави парандапарварӣ дар масоҳати қариб 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ омода карда мешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 12 нафар сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи стандарти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ буда, ҳавои дохили иншоот бо истифода аз таҷҳизоти махсус мунтазам ва ба таври автоматӣ тоза нигоҳ дошта мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, дар он 25 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.
Корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гӯшти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат маҳсулоти корхона, аз қабили гӯшту тухм ва хӯроки паранда намоиш дода шуд.
Дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкор ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар ин замина 8 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Бинои сардхона дар масоҳати 768 метри муррабаъ ҷойгир буда, дар он барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили иншоот 7 таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст, ки ин тадбир ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани дилхоҳ маҳсулоти зудвайроншаванда дар тамоми фасли сол мусоидат менамояд.
Мавриди тазаккур аст, ки иншоот дар ҳудуди шаҳри Гулистон аввалин буда, дар оянда дар доираи тадбирҳои созанда шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ афзун мегардад.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






