Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, ки бо сафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо иштироки ҳайатҳо мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот дар атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ иброз карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ду давлат дар ҳама самтҳо бемайлон рушд меёбад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ ба ҳисоб рафта, мунтазам дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия саҳми муносиби худро дар таҳкими шарикии стратегии давлатҳо мегузорад. Ҳамчунин робитаҳои парламентҳои ду давлат дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба роҳ монда шудаанд.
Дар идомаи мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун унсури калидии шарикии байни ду давлат иброз гардида, ба масъалаҳои саноатикунонии босуръат, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноатҳои маъдан, сабук, хӯрокворӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ тавассути ҷалби сармояи мустақими русиягӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Инчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба тақвияти робитаҳо байни минтақаҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои мубрам дар ин самт таъкид гардид.
Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, густариши робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат, омӯзиши забони русӣ, инчунин дигар самтҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ибрози назар карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва муқовимат ба муқобили хатару таҳдидҳои фаромиллӣ, вазъи амнияти минтақа бо таваҷҷуҳ ба вазъият дар Афғонистон, инчунин дигар масъалаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






