РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Теҳрон бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 нишаст баргузор гардид

Март 16, 2023 13:54

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  15 март дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Муассисаи таҳқиқоти оби Эрон бо ҳузури намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, неру, муассисаи мазкур, ниҳодҳои дигари марбут ба соҳаи об ва расонаҳои хабарии эронӣ бахшида ба татбиқи ҳадафҳои Конфронси оби СММ нишаст баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар бораи аҳамияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об, инчунин доир ба иқдоми нави Пешвои миллат дар мавриди қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки 14 декабри 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро қабул кард, маълумоти муфассал ироа намуд.

Дар ин замина нақши Конфронси СММ дар пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат мегирад, шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар ҳамоиш видеоклипҳо дар бораи захираҳои обии Тоҷикистон ва лаҳзаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои Маҷмаи Умумии СММ доир ба масъалаҳои об ба намош гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мешавад. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Март 16, 2023 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид