Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид

Октябрь 7, 2026 09:48

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ дар Қасри Баён бо Вазири умури Девони Амирии Давлати Кувайт Шайх Ҳамад Ҷобир Ал-Алӣ Ас-Сабоҳ ва раиси Девони Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сомир Ҷобир Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ зимни арзёбии вазъи кунунӣ ва чашмандози густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Кувайт ва баррасии роҳҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд дар арсаҳои гуногун, аҳаммияти амалисозии тафоҳуму тавофуқҳое, ки байни сарони ду мамлакат дар ҷараёни боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Кувайт 3-5 ноябри 2024 ҳосил шуда буданд, таъкид гардид.

Дар ин замина баён шуд, ки дар марҳилаи баъдӣ бояд таваҷҷуҳи тарафайн ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби гардишгарони Кувайт ба Тоҷикистон, густариши табодули фарҳангӣ, афзоиши парвозҳои мустақим байни Кувайт ва Душанбе ва ғайра равона гардад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Октябрь 7, 2026 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд