РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҷомеаи ҷаҳон аз Конфронси оби СММ-2023 интизориҳои зиёд дорад

Март 21, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ«Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ба ҳайси ҳамраиси  Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023, ки 22-24 март дар шаҳри Ню –Йорк доир мегардад,  ҳадаф доранд, ки тавассути Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023 ҷомеаи ҷаҳонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои об муттаҳид созанд, то ки ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ на танҳо аз лиҳози аҳамияти замонавӣ, балки аз рӯйи натиҷаҳояш низ таърихӣ гардад. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.

Мавсуф афзуд, ки Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023 дар шаҳри Ню-Йорк бори аввал дар сатҳи баланд баргузор мегардад ва ҷомеаи ҷаҳон аз он интизориҳои зиёд дорад. Мақсади асосии конфронс- мусоидат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳоест, ки дар  масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд барои баргузории ин конфронс ҳамкории мақсадноки васеъ ба роҳ мондаанд, ки метавонад барои ҷаҳониён намуна бошад.

Номбурда таъкид намуд, ки норасоии об дар манотиқи осебпазири ҷаҳон яке аз мушкилоти глобалиест, ки он на хусусияти молиявӣ, сиёсӣ ё ҷисмонӣ, балки арзиши маънавӣ дошта, ба ҳаёти аҳолии сайёра алоқаманд аст. Табиат марзу  миллатро намеписандад, аз ин рӯ, истодагарӣ намудан ба муқобили оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.

Тоҷикистон низ чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлати калидӣ дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим тӯли 20 соли охир зимни татбиқи ташаббусҳо, ба монанди «Соли байналмилалии оби тоза – 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013» бо саъю талошҳои ҳамаҷониба саҳми арзандаи худро гузошт. Ҳадафи Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид  дар соли 2023, пеш аз ҳама, андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба нақшаҳоест, ки дар сатҳи байналмилалӣ оид ба об тасдиқ шудаанд.

Мусаллам аст, ки 25 октябри соли 2022 ҷаласаи тадорукотии сатҳи баланди иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023 баргузор шуд. Дар он мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ — 2023 тасдиқ гардид. Ҳамзамон дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоиш оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, созмону ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии наҷоти Арал гузаронида шуд. Мақсад аз ҳамоиш- инъикоси бештари Конфронси СММ-2023 мебошад, ки ба рушди соҳаи об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳамраисони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани он чӣ омодагӣ гирифтааст? Дар посух ба ин савол Баҳодур Шерализода гуфт, ки конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид-2023 аз 6 ҷаласаи пленарӣ, 5 муколамаи интерактивӣ, 4 чорабинии махсус, чорабиниҳои пленарӣ ва фарҳангӣ иборат буда, тамоми масъалаҳои рӯзномаи обро фаро мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар тамоми ин чорабиниҳо омодагии зарурӣ гирифтааст, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин раванд тасмим гирифтааст, ки чорабиниҳои канориро дар мавзуъҳои «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии пиряхҳо» ва «Тақвияти низоми огоҳии бармаҳал барои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва пурзӯр намудани мониторинги муҳити зист» бо иштироки давлатҳои шарик ва шарикони рушд доир намояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас баргузор гардид
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Занони чирадасти тоҷик ба ҷавондухтарон ҳунарҳои миллӣ меомӯзонанд
СИТРУСПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон парвариши мандарин бештар мегардад
Ба 40 зани ҳунарманд гранти Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир мегардад
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна худро ба мавсими гармо ва сармо мутобиқ намоем?
Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оин, анъанаҳо ва либоси миллӣ будааст
ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД. Панду андарзҳои Рӯдакӣ то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба технологияи парвариши ангури ҷавз ва аҳамияти ғизоии он машварати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ҒАЗАЛ РӮДАКИВОР НЕКӮ БУВАД…». Шеъри Устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам пешгоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Суд метавонад аз ҳисоби падару модар ба манфиати фарзанд то 20-24-солагӣ алимент ситонад