РУШДИ МАОРИФ. Дар Хатлон ду мактаби нав дари худро ба рӯи хонандагон боз намуд

Март 29, 2023 10:13

ДУШАНБЕ, 29.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар рўзҳои ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврўз дар вилояти Хатлон ду мактаби муосир – муассисаи таълимии миёнаи умумии №71 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва муассисаи таълимии миёнаи умумии №11 дар ноҳияи Вахш сохта ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии №71 Дар деҳаи «Чорбоғ»-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ воқеъ буда, аз ду ошёна, 10 синфхона, ошхона, китобхона ва ҳуҷраҳои иловагӣ иборат мебошад. Таълимгоҳи мазкур барои зиёда аз 600 нафар хонандагон дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи «Инқилоб»-и Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш бошад дар муҳлати се сол сохта ба истифода дода шуд.

Дар деҳаи мазкур солҳои тулонӣ масъалаи нарасидани ҷои нишаст барои хонандагон ва кам будани синфхонаҳои муҷҷаҳази таълимӣ омўзгорон ва волидайнро ба ташвиш оварда буд. Ба истифода додани таълимгоҳи мазкур камбудиҳои зикршударо аз байн бурда, ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи хонандагон мусоидат намуд.


Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Вахш ба истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки бештар аз 10 фоизи онро муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ ташкил медиҳад.

Мактабҳои мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи маориф аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо сокинони ин ноҳияҳо бунёд шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид.

Тибқи барномаи мазкур, дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки тибқи нақша, барномаи мазкур дар ду марҳила- солҳои 2022-2024 ва 2024-2027 амалӣ гардонида шуда, аз се замима иборат аст: сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Марҳилаи дуюм, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд. Тибқи замимаи сеюм таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои он ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёна, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Март 29, 2023 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад