Рустами Эмомалӣ ва Михаил Мишустин ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд

Март 2, 2023 17:01

ДУШАНБЕ, 02.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафар ба Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин дар шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Русия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ барои фанҳои алоҳидаи ба номи Юрий Гагарин» дар шаҳри Душанбе ташриф овард.

Муассисаи таълимӣ дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 2,4 гектар барои 2448 хонанда дар ду баст сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистон ва Русия дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Русия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои мо масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имконият ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд».

«Имрӯз дар Тоҷикистон 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонанда таълим мегирад. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Мавриди тазаккур аст, ки омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор мактабро ташкил медиҳад, омӯхта мешавад. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Русия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон,  филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» фаъолият доранд.

Дар маҷмӯъ, бо назардошти донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил ба забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Русия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2023 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад