«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин Фестивал дар Душанбе қариб 6 миллион бех лола шинонида шуд

Март 15, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивали «Сайри гули лола» дар гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва мавзеъҳои гуногуни пойтахт беш аз 5,7 миллион дона гули лола шинонида шуд, ки сарсабзию шукуфоӣ ва озодагии пойтахтро таъмин менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Фестивали мазкур дар ду давр: ноҳиявӣ ва шаҳрӣ доир гашта, моҳи апрел ҷамъбаст ва номи ғолибон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешавад.

Фестивал фарогири панҷ номинатсия буда, ғолибон бо «Диплом»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд.

Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» бо мақсади таъмини амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ташвиқи ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, фарҳанги экологӣ ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ватани асосии гули лола Тоҷикистон буда, дар мамлакати мо 24 намуди он ҳамчун гули худрӯй вомехӯрад. Дар гузашта байни тоҷикон ҳамасола иди сайри гули лола таҷлил карда мешуд. Гули лола баъдан ба Осиёи Хурд, Туркия, Ҳолланд ва дигар мамлакатҳо паҳн шуд.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ озмуни гулҳо «Сайри гули лола» доир гашт. Он ҷиҳати эҳёи анъанаҳои миллӣ, ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, ташаббускорӣ ва боло бурдани завқи отифанигорӣ ҳамасола доир карда мешавад.

Воқеан, шаҳри Душанбе яке аз пешсафони корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барандаи комили шоҳҷоизаҳои озмунҳои қаблии «Сайри гули лола» мебошад.

Бо дастур ва роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт корҳои ободонӣ, созандагӣ, ниҳолшинонию гулшинонӣ равнақи бештар касб намуда, таъмини тозагию озодагии шаҳраку маҳаллаҳо ба баргузории ташаббусҳои экологии «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» иртибот дорад.

АКС: Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Март 15, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд