Се деҳаи ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ҳазор аҳолии се деҳаи ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин карда шуд. Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ шабакаи нави обтаъминкуниро ба истифода дод, ки он дар доираи Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот барқарор карда шуд. Шабакаи обтаъминкунии «Ҷавонӣ» 10 ҳазор аҳолии се деҳаро бо оби тоза таъмин намуд.
Интизор меравад, ки бо дастгирии лоиҳа тақрибан 400 ҳазор нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо мекунад ва тақрибан 100 ҳазор нафар, асосан кӯдакон аз сармоягузорӣ дар иншооти WASH ва омӯзиши масъалаҳои гигиенӣ дар мактаб манфиат мебардорад.
Дар ноҳияи Данғара ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дидан намуд. Он яке аз 26 муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон аст, ки дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад.
Донишгоҳ барои донишҷӯёни факултети тиббӣ чор озмоишгоҳи замонавиро таъсис ва муҷаҳҳаз намудааст, ки дар онҳо донишҷӯён метавонанд малакаҳои худро такмил диҳанд, нақшаҳои таълимии худро бозбинӣ намуда, таҷдид созанд. Ғайр аз ин, дар шакли онлайн сомона барои дастрас кардани лексияҳо ва дигар захираҳои таълимӣ ба доираи васеи шунавандагон ташкил шудааст. Донишҷӯёне, ки қаблан дар ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ амалиёти ҷарроҳии пизишконро мушоҳида мекарданд, акнун метавонанд ин техникаро дар амал санҷанд, ки ин эътимоди онҳоро зиёд мекунад ва барои кор бо аҳолӣ беҳтар омода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, тақрибан 28 ҳазор донишҷӯ, ки қариб 40 дарсади онҳо духтар аст, аз татбиқи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ баҳра бурданд.
Дар айни замон Бонки ҷаҳонӣ 25 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,59 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафар ба Тоҷикистон Ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, ҷонибдории Бонки ҷаҳониро оид ба дастгирии ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла таваҷҷуҳи махсус ба рушди сармояи инсонии мамлакат, инкишофи инфрасохтори «сабз» ва боло бурдани устуворӣ тавассути мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи иҷтимоӣ бори дигар тасдиқ кард.
Анна Бйерде гуфт, ки «бо назардошти вазъи демографӣ ва ҳадафҳои рушди мамлакат сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ афзалияти аввалиндараҷаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад».
«Бо мақсади мусоидат ба ҷумҳурӣ дар бунёди иқтисодиёти бештар фарогир ва устувор имсол мо маблағгузории се лоиҳаи навро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ интизорем»,-таъкид намуд Анна Бйерде.
Дар баробари мулоқот бо Президенти Тоҷикистон, вазирон ва дигар мақомоти давлатӣ Анна Бйерде инчунин бо чанд лоиҳае, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ мешаванд, шинос шуд.
АКС: Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






