Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим танҳо дар Олмон метавонад то соли 2050 беш аз 900 миллиард евро зарар расонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 6 март рӯзномаи олмонии Handelsblatt навиштааст.
Дар тадқиқоте, ки Институти тадқиқоти экологӣ ва иқтисодӣ (ZEW), Ҷамъияти тадқиқоти сохтории иқтисодӣ (GWS) ва институти таҳлилии Швейтсария Prognos AG болои он кор кардаанд, хароҷот аз рӯи сенарияҳои гуногун ҳисоб карда мешавад. Вобаста ба миқёси гармшавии глобалӣ, коршиносон интизоранд, ки дар байни солҳои 2022 ва 2050 иқтисоди Олмон аз 280 то беш аз 900 миллиард евро зарар мебинад.
«Тағйирёбии иқлим аллакай имрӯз оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ дорад, ки метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад,- иброз намуд котиби давлатии назди вазири иқтисод ва ҳифзи иқлим Штефан Вентсел. — Ҳар як еврое, ки барои ҳифзи иқлим сармоягузорӣ мешавад, хароҷоти иқтисодиеро, ки дар оянда бар асари ҳодисаҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд, коҳиш медиҳад».
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
Акс: АЗЕРТАҶ








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






