ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод

Март 14, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоҳати майдони яхҳои баҳрӣ дар Антарктика дар охири моҳи феврал 1,83 миллион метри мураббаъро ташкил додааст, ки ин андозаи рекордии пасттарин дар охири фасли зимистон ба ҳисоб меравад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 10 март дар брифинги Женева намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) Клэр Нюллис хабар додааст.

«Масоҳати яхҳои баҳрӣ дар Антарктика моҳи феврал ҳангоми мушоҳидаи обу ҳаво ва иқлим ба сатҳи рекордии паст рафта расид», — иброз намуд Клэр Нюллис. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид мебошад, охири моҳи феврал яхи баҳр 1,83 миллион километри мураббаъро ташкил намуд, ки 93 ҳазор метри мураббаъ аз ҳадди рекордии мавсимӣ дар моҳи феврали соли 2022 сабтшуда камтар аст.

Дар мавриди Арктика бояд гуфт, ки майдони яхи баҳрӣ дар моҳи феврал дуюмин хурдтарин дар тамоми таърихи мушоҳидаҳои ба қайд гирифта дар охири давраи зимистон мебошад: аз соли 1981 то соли 2010 ба ҳисоби миёна ба андозаи 1,12 миллион метри мураббаъ камтар аст.

Тавре дар Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) шарҳ доданд, ҳоло хулоса баровардан барвақт аст, ки оё ин як ҷузъи тағйирёбии табиии обу ҳавост ё тамоюли нави обшавии дарозмуддат дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, ки метавонад ба болоравии сатҳи баҳр таъсири ҷиддии ғайримустақим дошта бошад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 14, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Ба Аврупо буҳрони об таҳдид мекунад