ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 март, панҷшанбе, 75-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 16, 2023 08:00

16 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истанбули Туркия дар  Форуми панҷуми ҷаҳонии об суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои муосири  хизматӣ шуданд.

***

16 марти  соли 2016 Дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён боздид ба амал оварданд.

 16 МАРТ:

Дар Қазоқистон – Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ. 

РӮЙДОДҲО: 

16 марти соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯро баргузор гардид.

***

16 марти соли 2019  Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Муҳаммад Ғоиб -соли 1954- Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

***

Давлат Қурбонов-соли 1943 – дирижёр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Март 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст