ТАОМҲОИ НАВРЎЗӢ! Онҳо на танҳо зеби дастархон, балки барои саломатӣ муфид мебошанд
ДУШАНБЕ, 22.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо омадани Наврӯз кадбонуҳои тоҷик сертараддуд мешаванд, зеро оростани дастархони идона аз онҳо маҳорати баланд ва таҷрибаи пухтупаз доштанро тақозо менамояд. Бар замми ин, омода кардани хўрокҳои наврўзӣ кори осон нест, агар кадбону ин ҳунарро аз калонсолон наомўхта бошад. Корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина ШОВАЛИЕВА дар ин мавзуъ ибрози андеша кард.
Коршинос иброз дошт, ки хӯрокҳои миллии мо дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупази халқи тоҷик дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Ҳамин аст, ки меҳмононе, ки ба мамлакати мо ба сайёҳӣ меоянд, хўрокҳои моро меписанданд ва ба тарзи тайёр карданашон мароқ зоҳир менамоянд.
«Бахусус таомҳои наврӯзӣ, ба мисли суманак, ширбиринҷ, самбӯса, оши палав, оши бурида, гандумкӯча писанди ҳамагон аст. Ин хўрокҳо на танҳо лазиз ҳастанд, балки хусусияти шифоӣ ҳам доранд. Зеро аксари онҳо аз гандум, донагиҳо ва гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла шибит, пудина, райҳон, ҷамбилак ва ғайраҳо омода мешаванд, ки барои саломатӣ муфид мебошанд»,-мегўяд ў.
Тавре гуфтем, ҳамаи хӯрокҳое, ки барои Наврӯз омода мешаванд, маъмулан аз гандум ё ҷав омода мегарданд.
Суманак беҳтарин намунаи онҳо мебошад.
Суманак
Як навъ хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Барои тайёр кардани он ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳояшон дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба ҷашнгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманак мепазанд.
Оши палав
Оши палав яке аз хӯрокҳои маъмулу серғизо буда, он дар тамоми ҷашну маъракаҳои мардуми тоҷик серистеъмол мебошад. Мояи ифтихор аст, ки ин хӯрок ба қатори мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Тавре дар созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО гуфта шудааст, «палав дар ин давлати Осиё як ҷузъи мероси умумии фарҳангист». Зиёда аз 200 тарзи пухтани оши палав мавҷуд аст. Ин таом аз гӯшту биринҷ, сабзиву равған ва пиёз омода карда шуда, ба он мувофиқи табъ нахӯду мавиз ва дигар хӯшбуйкунандаҳоро ҳамроҳ менамоянд.
Ширбиринҷ
Он асосан аз ду маҳсулот омода шуда, барои лазизтару хушхӯр шудан ба он каме намаку равғани маска ё равғани зард ва шакар ҳамроҳ мекунанд. Бояд зикр кард, ки ширбиринҷ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун таоми миллӣ хеле арзишманд аст.
Гандумкӯча (далда)
Далда ё боҷ хӯроки наврӯзиест, ки дар баъзе аз минтақаҳои мамлакат онро гандумкуча ё ин ки дангича ном мебаранд. Ин намуди таоми наврӯзӣ аз шикамба, почаки гов ё гӯсфанд ва ҳафт намуд зироати донагӣ, ба монанди гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид ва мушунг омода карда мешавад. Ҳамаи маҳсулоти номбаршударо дар зарфи калон якҷоя карда, ба он оби бисёр илова менамоянд ва дар муддати як шабонарӯз онро дар оташи паст омода менамоянд. Ин навъи таом мисли суманак як шабонарӯз омода карда мешавад.

Инчунин хони идонаи наврӯзии тоҷиконро дигар намуди таомҳо, ба мисли хамирӣ, гӯштӣ ва сабзавоту гиёҳҳои ширфобахши фасли баҳор оро медиҳанд, ки инҳо ҳам аз ҷиҳати таъм лазиз буда, хусусияти давогӣ низ доранд:
Оши туппа
Оши туппа -хӯроки аз хамир омодашуда буда, хамири дар он истифодашавандаро паҳн ё чоркунҷа мебуранд. Дар оби ҷўшида истода, ки дар он алафҳои баҳорӣ андохта шудааст, хамирҳои буридашударо мепартоянд. Ба ин хўрок ҳам нахуду лўбиё ҳамроҳ мекунанд.
Самбӯса
Яке аз хӯрокҳои мамъмул дар байни аҳолӣ буда, барои тайёр кардани он орд, об, намак ва равғани зард, гӯшти қиммашуда, пиёз ва мурчу зира лозим аст. Самбӯса якчанд навъ мешавад: самбӯсаи танӯрӣ, самбусаи варақӣ, кадугӣ ва алафӣ.Дар баҳорон асосан аз алаф самбуса мепазанд.
Шакароб
Шакароб аз навъҳои хӯрокҳи маъмули мардуми тоҷик ба шумор меравад. Онро бо истифода аз фатир, чакка ё дӯғ, гиёҳҳои сабз, сирпиёз, помидор ва бодиринг омода менамоянд. Он дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ ба таври хосса омода карда мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»












РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид






