TASHKENT GRAND SLAM. Ҷудочии тоҷик Эмомалии Нуралӣ ба даври финалӣ баромад

Март 3, 2023 15:13

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Узбекистон мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2023» оғоз гардид, ки дар он 13 варзишгари тоҷик иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочии тоҷик Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг ба даври финалӣ роҳ ёфт. Барои баромадан ба финал Эмомалии Нуралӣ бар варзишгарон аз Туркманистон, Узбекистон ва Фаронса пирӯз шуд.

Дар финал рақиби варзишгари мо ҷудочии узбек Сардор Нуриллаев гардид.

Барои варзишгари дигари мо Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг мусобиқа дар даври 1/8-финалӣ ба анҷом расид.

АКС аз бойгонӣ

Март 3, 2023 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Парижи Фаронса сафар намуд