ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҲАЁТИ ҶАВОНОН. Насли ояндасозро зарур аст, ки ҳушёру эҳтиёткор бошад

Март 26, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама давру замон гурӯҳҳои террористӣ иборат аз афроде буданд, ки ба ҷомеа бо ҳар гуна роҳ мехостанд зарар расонанд. Терроризм ба ягон дину мазҳаб ё миллат хос нест ва мутаассифона, ин масъала яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо гаштааст. Чунин иброз намудааст мудири шуъбаи омор ва махзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Меҳриддини НАСРИДДИН.

Терроризм яке аз воситаҳои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил  маҳсуб мешавад, ки мехоҳанд харитаи сиёсиву иқтисодии сайёраро баҳри манфиатҳои нопоки хеш суиистифода намоянд. Худи истилоҳи «терроризм» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳшат мебошад. Яъне, сиёсати тарсонидан ва пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаи зӯроварӣ мебошад.

Дар сиёсати имрӯза террористон аз номи дини мубини ислом баромад намуда, амалҳои нопоки худро анҷом медиҳанд, яъне гурӯҳеро ба самти гумроҳӣ мекашанд. Мутаассифона, аксарияти  ҷавонон ба дасисаҳои бардурӯғи ин афрод бовар намуда, ҳаёти худ ва наздиконашонро ба хатар мегузоранд.

Бархе аз гурӯҳҳои тундрав, ки дар асл худашон аз моҳияти дини ислом хабар надоранд, мехоҳанд онро ба манфиати ғаразноки хеш истифода намуда, даст ба харобкориву қатли инсоният зананд.

Ҷойи таассуф аст, ки дар ҷаҳони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод зиёд мешавад ва чунин ба назар мерасад, ки дар тамоми мамлакатҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд. Ин гуна ҷавонон ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми нопоки роҳбаронашон қурбон мекунанд. Зеро ки ин ҷавонон, аз асолати фарҳанги исломӣ бехабаранд ва камсаводӣ омили асосии гумроҳшавии онҳо гаштааст.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо — ин муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Тавре дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ низ пешоҳанг буда, ҷиҳати амалӣ кардани муборизаҳои муштарак бо ин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар шароити имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм фароҳам оварда шуда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ пурзӯр намоянд, то ки амнияту осоиштагии ҷомеа ва давлатамонро нигоҳ дорем.

Амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», санадҳои дигари сиёсию ҳуқуқӣ дар ин самт қабулгардида аз самаранокии фаъолияти субъектҳои ба экстремизм ва терроризм муқовиматкунанда ва дар мубориза иштироккунанда, инчунин тақвияти ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коҳиш додани хавфу таҳдиди терроризм вобастагии хеле зич дорад.

Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ба бекорию зоеъ рафтани вақт роҳ надиҳанд. Бештар ба забономӯзию ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар ободиву шукуфоии ватани худ саҳм гузоранду барои халқу миллати  хеш фарзанди шоиста гарданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 26, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон