Теъдоди ҳалокшудагони тундбоди «Фредди»дар Малави ба 99 нафар расид
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бар асари тундбоди тропикии «Фредди» дар Малави ҳалокшудагон ба 99 нафар расид. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе агентии Reuters бо истинод ба хадамоти малавиягӣ оид ба муқовимат бо офатҳои табиӣ хабар додааст.
Қаблан Ҳилоли Аҳмари Малави дар бораи 66 ҳалокшуда, 99 маҷруҳ ва 16 бедаракгашта иттилоъ дода буд.
Президенти Малави Лазарус Чаквера рӯзи душанбе дар минтақаҳои ҷануби Малавӣ, ки аз тӯфон бештар осеб дидаанд, вазъи фавқулода эълон кард. Ба ин теъдод пойтахти иқтисодии мамлакат- шаҳри Блантайр низ дохил мешавад.
Тӯфони Фредди, ки 35 рӯз пеш дар уқёнуси Ҳинд дар шимолу ғарби Австралия ба вуҷуд омада буд, тӯлонитарин тӯфонест, ки то кунун дар ин қисмати ҷаҳон сабт шудааст. Вай сабаби ҳалокати камаш 120 нафар дар ҷанубу шарқи Африқо шуда, ба Маврикий, Мадагаскар, Малави ва Мозамбик низ таъсир расонид.
Бори аввал тӯфони «Фредди» 24 феврал ба соҳили ҷанубу шарқии Африқо дар минтақаи Мозамбик фурӯ рехт. Ҳоло ӯ боз ба Мозамбик баргашта, инчунин ба Малави ворид шудааст.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд






