Теъдоди ҳалокшудагони ярч дар шимоли Индонезия ба 44 нафар расид
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бар асари ярч ҳалокшудагон дар ҷазираҳои Риауи шимоли Индонезия ба 44 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» хабар додааст.
Қаблан оид ба 33 нафар ҳалокшудагони ҳодисаи табиӣ маълумот расида буд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, 11 нафар бедарак гашта, зиёда аз ду ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд.
Бар асари бориши шадид дар ҷазираҳои Риау якчанд ярч ба амал омад. Дар айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






