ТЕРРОРИЗМ ДИН, МИЛЛАТ, МАЗҲАБ ВА ВАТАН НАДОРАД. Мубориза бар зидди он кори дастҷамъона аст
ДУШАНБЕ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Экстремизм ва терроризм – мафҳумҳое мебошанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин ду мафҳум ба ҳам пайваст буда, экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Имрӯзҳо инсониятро дар баробари фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва экстремизм таҳдид менамояд, ки бо оқибатҳои ҳузнангез сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии давлатҳоро зери хатар мегузорад. Чунин иброз намудааст мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Муҳаммад РАҲМОНЗОДА дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкур пешниҳод мегардад:
— Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ хело бераҳмона сурат гирифта, ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Боиси таассуф аст, ки шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ ва экстремистӣ афзуда истодааст. Масалан, тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҲИУ), «Ҳаракати «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Лашкари Тайба», «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломи Покистон»), «Ҷамъияти Таблиғ», «Созмони таблиғот» («Даъват ба Ислом»), «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳат ан Нусра», «Ҳизби наҳзати ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ташкилотҳои экстремистию террористӣ эълон шуда, фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст.
Дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон таъмини реҷаи ягонаи қонуният, таҳкими волоияти қонун, суботу оромии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беш аз пеш аҳамияти аввалиндараҷаро пайдо менамояд.
Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи сайёра ва авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд».
«Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2008 нисбат ба ин масъала нигоҳи махсуси давлат зоҳир карда шуда буд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки «терроризм дин, миллат, мазҳаб ва ватан нବ¬до¬рад. Бо он мо бояд дар ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳои дуру наздик мубориза барем».
Бо назардошти гуфтаҳои боло, на танҳо мо, намояндагони илму фарҳанг ва маориф, балки аҳли зиё, ходимони динӣ ва ҳар як сокини мамлакатро эҳсоси масъулият ва қарзи инсониву имонӣ мебояд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати дунявию динии мардум, хусусан ҷавонон, арҷгузорӣ ба асолати фарҳанги ниёгон, эҳтирому посдории арзишҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат саҳми намоён гузоранд.
АКС: манбаъҳои боз








Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
ЗАРФИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ УСТУВОР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
«ЗАМИН ХОНАИ ЯГОНАИ МОСТ – ОНРО ДӮСТ ДОРЕМ! ». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии Замин
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид






