Тоҷикистон ҳамкориро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо Русия ва Арабистони Саудӣ таҳким мебахшад

Март 15, 2023 09:18

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар ҳошияи иҷлосияи 66-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Андрей Храпов мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, табодули иттилоот дар хусуси дастгиршавии шаҳрвандони давлатҳо бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, вазъи қочоқи маводи нашъаовар дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ва чораҳои пурзӯр намудани назорати сарҳад  муҳокима намуданд.

Зимни мулоқот инчунин ҷараёни омодагӣ ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома байни  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар баррасии ҷониби Русия қарор дорад, баррасӣ гардид.

Ҳамзамон худи ҳамон рӯз директори Агентӣ бо роҳбари ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад  Алқарнӣ мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ, назорати муомилоти қонунии онҳо, инчунин пешгирии нашъамандиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба масъалаи тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкорӣ дахл намуда, омодагии худро барои ба имзо расонидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2023 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид