ТОҶИКИСТОН ДАР РАВАНДИ ТАҲИЯИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР ИШТИРОКИ ХЕЛЕ ФАЪОЛ ДОШТ. Эҳдо ба 30-юмин солгарди ҳамкории Тоҷикистон ва СММ
ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пазируфта шуда, соли 1993 Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Маҳз соли 1993 Созишномаи кишварӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва БРСММ, ки барои фаъолияти созмон асоси ҳуқуқӣ бунёд намуд, ба имзо расид. Имсол ба ҳамкории Тоҷикистон ва СММ 30 сол пур шуд. Вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу мусоҳиба анҷом дод.
АМИТ «Ховар»: Хонум Сезин Синаноғлу, қаблан доир ба сатҳи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва миллӣ ба мо маълумот медодед.
Хонум Сезин Синаноғлу: Ман хушҳолам, ки ба муносибати рӯзи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ (2 марти соли 1992) ва 30-юмин солгарди фаъолияти СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шумо суҳбат менамоям.
Бояд иброз намоям, ки намояндагии аввали СММ дар Тоҷикистон – Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) 1 феврали соли 1993 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2000 дар асоси Дафтари мазкур бо ташаббуси Дабири кулли ҳамонвақтаи СММ Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд. Хушбахтона, фаъолияти ин дафтар ба пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, амалиёти сулҳхоҳона ва кумаки фаврии башардӯстона мусоидат намуд. Давоми 30 соли охир СММ дар роҳи расидан ба шукуфоӣ ва сулҳ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба даст дода, ҳамкорӣ карда истодааст. Дар ин муддат мамлакат дар беҳбуди некӯаҳволии шаҳрвандони худ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, инчунин дар сатҳи байналмилалӣ дар пешбурди масъалаҳои иқлим ва об, амнияти минтақавӣ ва пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) нақши муҳим бозида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ шомил гардид, ки дар он солҳо авлавияти миллии мамлакатро ҳалли низоъ, миёнаравӣ, оштӣ ва бозсозӣ ташкил медод. Имрӯз таваҷҷуҳ ба рушди устувор, сулҳу амният ва ҳуқуқи инсон равона шуда истодааст. СММ Тоҷикистонро барои ноил шудан ба афзалияти миллии худ ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар таъмини рушди устувор ва фарогир нақши бениҳоят муҳим доранд, пайваста дастгирӣ мекунад. СММ дастгирии худро ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили кунунии вобаста ба рушд ва барқарорсозӣ, рафъи оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемия, ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва муҳити зист ва таваҷҷуҳ ба гурӯҳҳои осебпазир идома хоҳад дод.
Бо назардошти ин барои расидан ба тамоми ҳадафҳои глобалии рушд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои рафъи камбизоатӣ ва амнияти озуқаворӣ, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ғайра муқаррар кардаанд, камтар аз ҳашт сол мондааст. Ин моро водор месозад, ки бояд аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид бошем ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ ҳамкориро вусъат диҳем.
АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, соли 2015 СММ Рӯзномаи глобалӣ ва Ҳадафҳои рушди устуворро то соли 2030 қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо чӣ пешравиҳо дорад?
Хонум Сезин Синаноғлу: Бояд таъкид намоям, ки Ҳадафҳои рушди устувор ҳадафҳои умумии мост — онҳо барои ҳама ва дар ҳама ҷо муҳиманд. Ҳукуматҳо, ташкилоти кумакрасон ва шарикони байналмилалӣ, доираи соҳибкорон, олимон, ташкилоти хусусии хайриявӣ, инчунин намояндагони тамоми гурӯҳҳо ва сатҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне ҳама бояд дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои умумибашарӣ саҳм гузоранд.
Тоҷикистон дар раванди машваратҳо ва таҳияи ҳадафҳои рушди устувор хеле фаъолона иштирок кард. Давоми ду даҳсолаи охир Тоҷикистон дар самти ноил шудан ба афзалияти миллии рушд ва пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ба ҳар ҳол, пешравӣ дар ҳамаи самтҳо якхела нест ва ба он пандемияи бемории COVID-19 ва буҳрони ҷаҳоние, ки дар натиҷаи ҷангҳо сар зад, боз ҳам таъсири манфӣ расонид.
Дар ҷодаи ноилшавӣ ба чанде аз ин ҳадафҳо пешравии хуб ба назар мерасад ё ҳатто онҳо ба даст оварда шудаанд гӯем ҳам, хато намекунем. Масалан, сатҳи камбизоатӣ дар асоси даромад (ҲРУ 1) аз 83 фоизи соли 2003 то ба камтар аз 27 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфт. Дар соҳаи маориф (ҲРУ 4) низ пешравӣ мушоҳида мешавад, ки дар ин ҷода сатҳи фарогирӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна баландтар гардидааст. Дар ҷодаи ҳадафҳои вобаста ба дастрасӣ ба оби тоза ва санитария (ҲРУ 6), қувваи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза (ҲРУ 7) ва амал дар соҳаи иқлим (ҲРУ 13) низ пешравӣ аз рӯи нақша ба назар мерасад. Дар баробари ин зарур аст, ки сатҳи пешравӣ вобаста ба ҲРУ 3 (саломатӣ ва некӯаҳволӣ), ҲРУ 5 (баробарии гендерӣ) ва ҲРУ 8 (шуғли шоиста ва рушди иқтисодӣ) низ тақвият дода шавад.
Дар ин самт ба мо, пеш аз ҳама, стратегия, барнома ва сармоягузориҳои давлатии ҳамгироишуда зарур аст, ки мо сабабҳои аслии рушди нокифояро ҳал карда тавонем. Азбаски инкишоф бисёрҷанба аст, аз ин рӯ, таъмини ҳамоҳангии сиёсат ва тадбирандешӣ аз ҷониби тамоми сохторҳои ҳукумат ва ҷомеа зарур аст. Дар навбати худ, беҳбудиҳо дар як соҳа ё бахш метавонанд ба осонӣ дар дигар соҳаҳо таъсири мусбат расонанд.
Масалан, сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ метавонад натиҷаҳои таълимро беҳтар кунад. Ба ҳамин монанд, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ имкон медиҳад, ки на танҳо дастрасӣ ба озуқаворӣ беҳтар гардад, балки метавонад ба рушди саноати коркарди хӯрокворӣ низ дар мамлакат мусоидат кунад.
Бояд иброз дошт, ки новобаста аз мушкилоти болозикр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар ҳамкории зич бо СММ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар арсаи минтақавию ҷаҳонӣ фаъолияти назаррас дошта бошад. Тоҷикистон аввалин давлате аз Осиёи Марказӣ мебошад, ки моҳи июли соли 2017 «Шарҳи ихтиёрии миллӣ» — и худро дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар Ню Йорк муаррифӣ намуд. Мақсади асосии ин ҳисобот- таҳлили пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи миллӣ тавассути иштироки васеи ҷонибҳои манфиатдор мебошад.
Дар айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ» — и худро оид ба иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор омода карда истодааст. Ман боварӣ дорам, ки ин барои баррасии пешрафт ва нақшаҳои пешбурди ин ҳадафҳо имконияти хуб фароҳам меорад.
АМИТ «Ховар»: Имсол соли якуми амалигардонии Барномаи қолабии ҳамкории СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувор барои солҳои 2023-2026 мебошад. Доир ба барномаи мазкур ва афзалияти он чӣ гуфта метавонед?
Хонум Сезин Синаноғлу: Ба имзо расонидани Барномаи қолабии ҳамкорӣ барои рушди устувор ҳамчун созишномаи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СММ барои солҳои 2023-2026 ҳам барои СММ ва ҳам барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими таърихӣ мебошад. Мехостам тафовути байни созишномаҳои ҳамкории ҳозира ва созишномаҳои қаблиро изҳор намоям. Дар созишномаи кунунӣ таваҷҷуҳ аз кумак барои рушд ба ҳамкорӣ барои рушд гузашт.
Барномаи қолабии ҳамкорӣ бо равиши ҳамгироишудаи худ дар маркази ислоҳоти СММ қарор дорад. Ислоҳоти кунунӣ ба беҳтар шудани пайвастагӣ, ҳисоботдиҳанда будан ва самаранокии низоми СММ ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар ҷодаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои умумӣ мусоидат мекунад.
Созишномаи нави ҳамкорӣ барои беҳбуди зиндагии мардум дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани имконоти баробар барои ҳар инсон дар заминаи баробарӣ, адолат ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсонӣ бо мақсади амалӣ сохтани зарфияти худ чаҳор ҳадафи умумиро дар бар мегирад. Ин чаҳор ҳадаф аз рушди фарогири инсонӣ, рушди устувор, фарогир ва “сабз”-и иқтисодӣ, идоракунии ҳамгироишудаи иқлим ва хатарҳои экологӣ, идоракунии стратегӣ ва волоияти қонун, ки дар маркази диққати он аҳолӣ қарор доранд, иборат мебошанд.
Барномаи қолабии ҳамкории нав ба тағйироти куллӣ ҷиҳати таҳкими шарикии қавӣ, мусоидат ба масъулияти мутақобила барои натиҷаҳо ва кафолати фарогирии ҳамагон дар Тоҷикистон равона карда шудааст.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ ба дипломатияи обу иқлим таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Назари Шумо доир ба дурнамои ҳамкории СММ бо Тоҷикистон дар ин самт чӣ гуна аст?
Хонум Сезин Синаноғлу: Норасоии об мушкили глобалиест, ки ба тамоми қитъаҳои ҷаҳон таъсир мерасонад. Мушкилӣ на танҳо дар норасоии об, балки дар идоракунии самараноки захираҳои об низ ҳаст. Аз ин рӯ, давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, барои идоракунии самараноки захираҳои обӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузургтарини обӣ, махсусан оби тоза дар ҷаҳон мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Об на танҳо барои нӯшидан муҳим аст, балки он манбаи муҳими барқи обӣ ва обёрӣ низ мебошад. Дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар ҷодаи идоракунии об буда, ташаббускори фаъоли эълони соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Воқеан, ин ташаббусҳо масоили марбут ба обу иқлимро дар маркази рӯзномаи рушди ҷаҳон қарор додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсоне буданд, ки даъвати калидияшон сабаби қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти рақами 71/22 оид ба қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид.
Солҳои охир Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон якчанд конференсияҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»-ро баргузор намуд. Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи сарфаи об нақши муҳим бозида истодааст. Ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо мохи декабри соли 2022 аз ҷониби аъзои СММ дастгирӣ ёфт. 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” — ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.
Пиряхҳо на танҳо ҳамчун захираи об хизмат мекунанд, балки дарёҳоро ғизо мебахшанд. Аммо имрӯз гармшавии глобалӣ ва обшавии ғайримуқаррарии пиряхҳо ҳамаро нигарон кардааст, зеро мо на танҳо обро аз даст медиҳем, балки он метавонад ба обхезӣ низ оварда расонад — ҳолате, ки мо соли гузашта дар Покистон шоҳиди он шудем. Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эътироф гардида, 21 март “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шуд. Барои пешбарии ин ибтикори муҳим қарор дода шуд, то Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ натиҷаи талошҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус роҳбарияти олии мамлакат дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи обӣ маҳсуб мешавад.
Тавре ки аз гуфтаҳои мо бармеояд, мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи дипломатияи глобалӣ кумак мерасонем ва Ҳукумати мамлакатро барои таҳлили идоракунии об, аз ҷумла пиряхҳо дастгирӣ мекунем. Мо барои такмили ихтисос ва омӯзонидани кормандони муассисаҳои давлатӣ курсҳои омӯзишӣ доир мекунем ва омодаи таҳкими ин ҳамкории муассир ҳастем
АМИТ «Ховар»: Дар охир мехостем назари Шуморо доир ба нақши Конфронси оби СММ — 2023, ки 22-24 марти соли равон бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд дар шаҳри Ню Йорк доир мегардад, дар ҳалли мушкилоти марбут ба об бифаҳмем.
Хонум Сезин Синаноғлу: Тавре иброз доштем, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон якчанд конференсияҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об доир намуда, дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи сарфаи об нақши муҳим гузошта истодааст. Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028 бо ибтикор ва иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Аз рӯи Қатъномаи A/RES/73/226 пешбинӣ шуда буд, ки Конфронси баррасии ҳамаҷонибаи натиҷаҳои миёнамуҳлат оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал аз 22 то 24 марти соли 2023 дар Ню Йорк даъват карда шавад.
Моҳи марти соли 2023 ҷомеаи ҷаҳон дар Ню Йорк дар Конфронси оби СММ — 2023 вобаста ба масъалаҳои об ҷамъ мешавад. Конфронс аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ даъват мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун мизбони конфронс уҳдадор шудаанд, ки конфронсро ба чорабинии муҳиме табдил диҳанд, ки ҷонибҳои манфиатдорро аз тамоми соҳаҳо ба ҳам меорад ва барои татбиқи босуръат ва беҳбуди таъсир барои пешрафт такони глобалиро фароҳам меорад.
Об ҳамчун унсури муҳими дастрасӣ барои Ҳадафҳои Рушди Устувор саломатию шукуфоии одамон ва сайёра мебошад. Аммо, мутаассифона, пешрафти мо дар мавриди ҳадафҳои марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба таври дилхоҳ набуда, дастрасӣ ба кулли Ҳадафҳои рушди устуворро зери хатар мегузорад. Конфронси оби СММ — 2023, ки моҳи март баргузор мешавад, бояд барномаи далеронаи амалиёти обро ба вуҷуд оварад, то тавонад омили паси сар намудани якчанд мушкилиҳо, қавӣ гардонидани ҳамкорӣ ва тезонидани дастрасӣ ба рушди устувор гардад.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.
АКС: АМИТ «Ховар»