«ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон гӯшаи сайёҳии мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7-9 марти соли 2023 дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамкории муштараки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва муҷтамеи намоишгоҳи «Messe Berlin» гӯшаи сайёҳии мамлакат зери унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» ташкил карда шуд.
Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотӣ оид имконияти сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинону дӯстдорони сайру саёҳат гардид.
Ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои олмонӣ ва ширкатҳои гуногуни ҷаҳон бо мақсади ташкил ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисон дар ин самт доир шуданд.
Бояд гуфт, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin» ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари имконоти сайёҳии мамлакат, ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон ва тақвияти ҳамкории самарабахш байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Соли равон дар «ITB Berlin» тақрибан 161 давлати ҷаҳон ва қариб 6 ҳазор нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҷаҳонӣ гӯшаҳои алоҳида таъсис дода, имконот ва хизматрасониҳои саёҳатиро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид






