Яхи баҳрии Антарктида ба сатҳи пасти рекордӣ расид

Март 1, 2023 19:22

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳидаҳои моҳворавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки яхи баҳрии Антарктида ҳафтаи гузашта ба сатҳи пасти рекордӣ расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ.

Маркази миллии маълумот оид ба барф ва ях (NSIDC) дар Донишгоҳи Колорадо дар Боулдер хабар дод, ки яхи баҳрии Антарктида ба сатҳи пасттарин дар 45 соли охир расидааст, навиштааст Science Alert.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки 21 феврал олимон иброз доштаанд, ки масоҳати яхи баҳрии Антарктида то 1 миллиону 790 ҳазор километри мураббаъ коҳиш ёфт, хабар медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ.

Муҳаққиқон иброз медоранд, ки маълумоти охирин ҳанӯз пешакӣ аст ва метавонад то охири мавсими обшавии ях тағйир ёбад – шумораи ниҳоӣ аввали моҳи март эълон карда мешавад, аммо дар ҳама сурат сатҳи пасттарини яхи баҳрии Антарктида аллакай ба миён омадааст.

Маълум аст, ки обшавии яхҳои баҳрӣ қабатҳои ғафстари пиряхҳоро, ки сипари яхини зеризаминии Антарктидаро дастгирӣ менамоянд, зери хатари мавҷҳо ва ҳарорати болотар мегузорад. Дар айни замон муҳаққиқон изҳор мекунанд, ки обшавии яхҳои баҳрӣ ба сатҳи баҳр таъсири ҷиддӣ намерасонад, зеро ях воқеан аллакай зери об мондааст.

Дар баробари ин, олимон баён медоранд, ки рафҳои азими яхбандии Антарктида бо яхҳои баҳрӣ иҳота шудаанд, ки идомаи пиряхҳои оби нӯшокӣ мебошанд, ки дар навбати худ дар сурати идомаи обшавии онҳо дар баробари боло рафтани ҳарорати ҷаҳонӣ ба болоравии фалокатбори сатҳи баҳр дар тӯли садсолаҳо таҳдид мекунанд.

Аксуламали Антарктида ба тағйирёбии иқлим аз аксуламали Арктика фарқ мекунад. Тамоюли поин рафтани сатҳи яхҳои баҳрӣ метавонад нишон диҳад, ки гармшавии глобалӣ ба яхҳои шинокунанда дар атрофи Антарктида таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин, барои боварӣ ҳосил кардан ба муҳаққиқон ҳадди ақалл чанд соли дигар мушоҳидаҳо заруранд.

Муҳаққиқон иброз медоранд, ки гардиши Антарктика дар байни обшавии тобистон ва зимистонҳои яхкунӣ ба таври васеъ тағйир меёбад, аз ин рӯ қитъа дар даҳсолаҳои охир обшавии босуръатро аз сар нагузарондааст, ба монанди он ки аз ин сипарҳои яхини Гренландия ва Арктика зарар мебинанд.

Дар айни замон муҳаққиқон менависанд, ки суръати баланди обшавӣ аз соли 2016 ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳолати нигаронӣ ба вуҷуд меорад ва ин тамоюл метавонад дар оянда таҳким ёбад.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2023 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад