30-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Соли 2005 ҳайати шахсии ин сохтор аз ҷониби нозирони баландпояи байналмилалӣ ба гирифтани унвони «Уқобони кӯҳӣ» сазовор гаштанд

Апрель 10, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 апрел ба таъсиси Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон, ки яке аз сохторҳои низомии пурқудрати мамлакат ба шумор меравад, 30 сол пур шуд. Доир ба нақш ва таърихи ин сохтор  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи назоратӣ-идоракунии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғайрати Саломатулло суҳбат намуд.

«Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар машқҳои тактикии муштарак бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратии мамлакатҳои ИДМ «Сипар», «Сипари ҷануб», машқҳои зиддитеррористии «Антитер­рор – 2006» фаъолона ширкат варзида, нишондиҳандаҳои онҳо ба дараҷаи хеле фарқкунанда ва мусбат арзёбӣ мегардад. Махсусан соли 2005 иштироки онҳо дар машқҳои муштарак дар дараи Марғоби шаҳри Ваҳдат сазовори баҳои баланди нозирони баландпояи байналмилалӣ гашта, унвони «Уқобони кӯҳӣ»-ро соҳиб гаштанд»,- гуфт  Ғайрати Саломатулло.

Мавсуф иброз дошт, ки теъдоди ҳайати шахсии ин ниҳод, ки  дар тобеияти Вазорати корҳои дохилӣ  фаъолият мекунад, бо ташаббус ва дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд гардида, дар ин замина воҳидҳои ҷангии амалкунандаи қӯшун такмил ёфт ва дар ҳайати он ду қисми ҳарбии нав таъсис дода шуд. Ҳамзамон бо дастгирии роҳбарияти Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2023 дар системаи вазорат Соли рушди Қӯшунҳои дохилӣ эълон гардида, нақшаи чорабиниҳои алоҳида тасдиқ карда шуд. Омили мазкур ҷиҳати ба ҳадди назаррас тақвият ёфтани омодабошии ҷангии Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат менамояд.

Таърихи таъсис ва ташаккули қӯшун 

18 ноябри соли 1991 ҷиҳати дар заминаи қисму воҳидҳои ба марказ тобеъбудаи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ таъсис додани қӯшунҳои дохилии байниҷумҳуриявӣ дастур дода шуд. 10 феврали соли 1992 фармони Вазорати корҳои дохилӣ ба тасвиб расид, ки дар заминаи он бо фармонҳои дигари Вазорати корҳои дохилӣ  аз 30 марти соли 1992  ва аз 3 апрели соли 1992  сохтори Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ  ба таври расмӣ тасдиқ карда шуд, ки Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбӣ  ва Баталиони алоҳидаи таълимиро дар бар мегирифт. Ин санади таърихӣ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 ба расмият дароварда шуд ва аз ҳамон сол  10 апрел ҳамасола Рӯзи таъсиси Қӯшунҳои дохилӣ қайд карда мешавад.

Қӯшунҳои дохилӣ давоми солҳои 1992-1995 10 қисми ҳарбии алоҳидаро бо теъдоди умумии зиёда аз 10 000 нафар  ҳайати шахсӣ дар бар мегирифт.

Фаъолияти хизматӣ-ҷангии қӯшун 

Аз оғози таъсис то ба имрӯз 78 хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида  шудаанд, ки ин аз ғамхории зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба ҳайати шахсӣ шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки дар руҳияи ҷангии афсарону сар­бозону имрӯзаи Қӯшунҳои дохилӣ низ саъю талошҳои ҳамеша пешсафи ҷабҳа будан ва ноил гаштан ба ғолибият чун анъана ҷой дорад.

Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии воҳиди ҳарбӣ- ин ҷалби ҳайати шахсӣ ба машқҳои амалии тактикӣ мебошад. Дар ин раванд Қӯшунҳои дохилӣ ҳамасола ба таври мустақилона ё муштарак бо дигар воҳидҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои тактикӣ доир намуда, ба ин васила маҳорати касбии ҳайати шахсиро такмил медиҳад.

Таъмини омодабошии ҷангии қисму воҳидҳо, пеш аз ҳама, дар татбиқи чорабиниҳо оид ба ташкили тайёрии ҷангию такмили маҳорати касбии ҳайати шахсӣ таҷассум ёфта, барои иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ омода будани ҳайати шахсиро ифода менамояд.

Машғулияти таълимӣ вобаста ба фанҳои тайёрии оташфишонӣ, сафороӣ, ҷисмонӣ, муҳандисӣ, техникӣ, тиббӣ, алоқа, тактикаи умумиқӯшунӣ, тактикаи махсус, муҳофизат аз силоҳи қатли ом ва ғайра ба роҳ монда шуда, дар шаклҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад. Тайёрии ҷангӣ ва ҷисмонӣ дар воҳидҳои таъйиноти махсус аз рӯи барномаи махсуси барои ин категорияи ҷузъу томҳо тарҳрезишуда бо гузаронидани баромадҳои саҳроии ҳарҳафтаина ва барои ҳайати шахсии боқимонда ҷузъу томҳо — моҳе як маротиба бо ташкили баромадҳои саҳроӣ ба роҳ монда шудааст. Ба замми баргузории машғулияти маъмулии рӯзмарраи ба тақвияти тайёрии ҷангии ҳайати шахсӣ равонагардида ҷиҳати такмили  касбият ва баланд бардоштани малакаю  маҳорати ҳайати шахсӣ ҳамасола бо ҳайати шахсӣ машғулияти махсуси тактикӣ баргузор карда мешавад.

Азбаски тайёрии ҷисмонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи тайёрии ҷангӣ аст, месазад, ки ин ҷо аз дастовардҳои варзишии қӯшун ёдовар шуд, зеро дастаи варзишии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун воҳиди таркибии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи вазорат дар ҷумҳурӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ нақши назаррас дорад. Давоми панҷсолаи охир дастаи варзишии қӯшун дар тамоми чорабиниҳои варзишии сатҳи мақомот, байни сохторҳои қудратию дигар мақомоти давлатии мамлакат ва чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар аксари онҳо аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуд.

Вазъи омодасозии кадрҳои соҳавӣ дар қӯшунҳо

Бояд гуфт, ки аз соли 2004 инҷониб зиёда аз 500 сарбози Қӯшунҳои дохилӣ дар заминаи факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи ихтисоси «Командири взводи Қӯшунҳои дохилӣ» ва аз соли 2009 инҷониб тибқи шартномаи дуҷонибаи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гвардияҳои миллии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон 124 хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар донишкадаҳои ҳарбии ин ниҳодҳо аз рӯи ихтисосҳои фармондеҳӣ, корҳои тарбиявӣ ва ҳарбии техникӣ, алоқа, ақибгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шуд. Ин ба сифатнокии ҳайати кадрии Қӯшунҳои дохилӣ таъсири назаррас расонид.

Бар замми ин ҷиҳати тақвияти сифатнокии ҳайати кадрии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамасола то 15 афсари қӯшун дар заминаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия, Донишгоҳи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсили иловагӣ ва баъдидипломии тахассусӣ фаро гирифта мешавад.

Ташкили шароити мусоиди хизмат, кору истироҳат ва фароғати ҳайати шахсӣ яке аз кафолатҳои асосии самаранокии фаъолияти воҳиди ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ободонии қисму воҳидҳои қӯшун аз соли 2012 инҷониб диққати махсус зоҳир намуда, бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ имрӯз аз ҷиҳати моддӣ-маишӣ дар сафи пеши сохторҳои ҳарбии мамлакат қарор доранд.

Шароити зисти сарбозон дар қӯшун 

Давоми солҳои 2013 ва 2014 хобгоҳҳои сарбозони яке аз қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои нигоҳдории аслиҳаю муҳимоти ҷангии ротаҳо ва ҳуҷраҳои кории командирони баталионҳо, ротаҳо ва афсарони ҷузъу том аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бинои сеошёнаи солиёни тӯлонӣ бекорхобидаи ин қисми ҳарбӣ навсозию таъмир карда шуд.

Ба замми ин дар қисми ҳарбӣ ҳаммоми замонавӣ, синфхонаи компютерӣ, сартарошхона, нуқтаи тиббӣ, қаровулхона, қисми навбатдорӣ, нуқтаи назорати гузаргоҳ, анбори нигоҳдории меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ, инчунин майдони сафороии қисми ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Барои тарбияи ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар қисми ҳарбӣ майдони варзишии намунавӣ сохта шуд. Бо мақсади бо манзили хизматӣ таъмин намудани афсарону прапоршикони қисми ҳарбӣ бинои дуошёнаи муддати зиёда аз 10 сол бекорхобида, ки аз 36 ҳуҷра иборат аст,  ба куллӣ таъмир карда шуда, барои зиндагии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар он тамоми шароити мусоид муҳайё карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати нигоҳдошт ва парвариши аспҳои хизматӣ барои 40 сар асп аспхона сохта шуд.

Дар маҷмуъ масоҳати умумии биною иншооти маъмурию хобгоҳҳои сохташуда ва навсозию таъмиру тармимгардидаи қисми ҳарбӣ 4 147,6 м2 ва масоҳати умумии биною иншооти ёрирасони таъмиргардида 3 134 м2— ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон масоҳати мумфаршшудаи майдони сафороии қисми ҳарбӣ ва роҳҳои дохили ҳудуди он аз 5 520 м2  иборат аст. Пас аз анҷоми корҳои таъмирию навсозӣ 26 августи соли 2014 бо ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти қисми ҳарбӣ ба таври расмӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои рота аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он толори варзишию анборхонаи маводи хӯрокию пӯшокӣ, дар ошёнаи якум ошхона барои 150 ҷойи нишаст, нонпазхона, қисми навбатдорӣ, утоқи нигоҳдории аслиҳаю муҳимоти ҷангӣ ва 4 утоқи корӣ, дар ошёнаи дуюм хобгоҳи сарбозон барои 150 ҷойи хоб, утоқи нигоҳдории аслиҳаю муҳимоти ҷангӣ, утоқи кории афсарон, анборча, дар ошёнаи сеюм синфхонаи таълимӣ бо 60 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, 4 утоқи корӣ ва хобгоҳи афсарон барои 40 ҷойи хоб ҷойгир аст.

Тамоми иншооти рота ба системаи ягонаи гармидиҳии тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг фаъолшаванда пайваст карда шудааст.

Соли 2021 дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ сохтмони бинои дидорбинии сарбозон бо наздикону пайвандонашон ба истифода дода шуд, ки ҳамзамон дар ошёнаи якуми он ошхонаи афсарон ҷойгир аст. Ба замми ин бо мақсади тақвияти тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар майдони варзишии қисми ҳарбӣ машқгоҳи варзиши сабук иборат аз 16 унсур ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати такмили маҳорати касбии ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ имсол дар заминаи машқгоҳи «Марғоб»-и вазорат сохтмони Комплекси таълимии кӯҳии воҳидҳои таъйиноти махсус ба анҷом расонида шуд, ки барои тайёрии касбии ҷанговарони воҳидҳои таъйиноти махсус дар шароити кӯҳсор аҳамияти калон дорад. Комплекси мазкур аз қисми таълимӣ (5 синфхонаи тобистона ва 3 майдончаи тактикӣ), маъмурӣ (утоқи ҷаласагузорӣ) ва моддӣ-маишӣ (5 хаймаи саҳроии ҷиҳозонида, 4 долончаи нишаст, хонаи истироҳатӣ, ҳаммом ва буғхона, ошхонаи сарбозон барои 100 нафар, ошхонаи афсарон барои 15 нафар, ҷои хӯрокпазии саҳроӣ) иборат аст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Апрель 10, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус