6 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШ БАРОИ РУШД ВА СУЛҲ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият менамояд

Апрель 6, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел -Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири рушд ва сулҳ. Бо ин мақсад имрӯз дар Тоҷикистон мусобиқаю барномаҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар айни замон ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ба ҳам овардани ҷавонону наврасон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш фаъолият менамояд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2022 ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 548 медал, аз ҷумла 150 медали тилло, 162 нуқра ва 236 медали биринҷӣ ворид гардида, ба туфайли дастовардҳои варзишгарони мамлакат 548 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуд ва 150 маротиба дар сатҳи байналмилалӣ Суруди миллии Тоҷикистон садо додааст.


Тавре ба ҳамагон маълум аст, яке аз дастовардҳои муҳими варзишӣ дар соли равон- ин мақоми байналмилалӣ касб намудани гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мебошад, ки имкон дод варзиши тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ карда шавад.

Ҳамаи ин пирӯзиҳои соҳаи варзиши мамлакат бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба даст омадааст. Зеро варзишгарон пайваста дастгирӣ ёфта, сохтмони иншооти варзишӣ низ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҷумҳурӣ бо мақсади тарзи ҳаёти солим «Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» гузаронида мешавад. Дар қаламрави мамлакат бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба таҳкими тарзи ҳаёти солим таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғҳои С.Айнӣ, ҷавонон, Парчами давлатӣ, Дӯстии халқҳо, назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мавзеъҳои барҳаво бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, наврасону ҷавонон, варзишгарону дӯстдорони варзиш доир карда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд