«АЛЛОМА АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ». Ин китоб аз ҷониби Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба бузургдошти соли таваллуди аллома Ҳаким Абурайҳони Берунӣ Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» китоби шоир ва олими тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Русия Ҳасани Султонро таҳти унвони «Аллома Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расонд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Китоби мазкур дар мамлакати мо асари нисбатан мукаммал буда, дар он баъзе воқеоти муҳими рӯзгор ва хусусияти осори маъруфи Берунӣ баён гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки имсол ба таваллуди ин донишманди бузурги тоҷик 1050 сол пур мешавад ва ин ҷашн аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи ҷашнвораҳои сол ворид карда шудааст.
Абурайҳони Берунӣ яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муарриху ҷомеашинос ва аз зумраи донишмандони бузурги мардуми тоҷик барои ҳамаи замонҳо мебошад.
Миқдори таълифоти Беруниро муҳаққиқон аз 130 то 180 асар донистаанд, вале 20 асари ӯ аз осеби замонҳо дар амон монда, то ба имрӯз расидааст.
АКС: Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






