Бонки миллии Тоҷикистон ба «Амонатбонк» иҷозатнома дод

Апрель 11, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин тасмим мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.

Зимни супоридани иҷозатнома ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъкид карда шуд, ки минбаъд ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии молиявӣ, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, зиёд намудани пешниҳоди қарз, бахусус дар минтақаҳои дурдасти мамлакат ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.

Ҳамзамон барои идомаи фаъолияти пурсамар, амалӣ намудани нақшаҳо ҷиҳати таҳкими  рушди низоми бонкии мамлакат, ҳамкории судманд дар самти  дастгирии ҳамаҷонибаи низоми бонкии мамлакат уҳдадориҳои  бонк таъкид  карда шуд.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 11, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад