Дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 21 масъала баррасӣ ва қабул гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 13 апрел ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки ҳайати расмии парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар кори он иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, 21 масъаларо баррасӣ ва қабул намуданд.
Сарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои АБ ИДМ дар рӯзномаи ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти маҷлис дар соли 2022, мониторинги интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва интихоботи пеш аз муҳлати вакилони Маҷлиси порлумони Қазоқистонро баррасӣ намуданд.
Аъзои Шӯро ҳамчунин масоили омодагӣ ба Конгресси X байналмилалии муҳити зист, ки 25-26 майи соли 2023 дар Қасри Таврический баргузор мешавад, Форуми байналмилалии «Санкт-Петербург – пойтахти парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Тараққиёти устувори территорияҳои кӯҳсор»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷаласаи Шӯро раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода «Дар бораи фаъолияти комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ» маълумот дода, таъкид намуд, ки яке аз масъалаҳои аввалини комиссияи мазкур- ин омода намудани асоси меъёрии танзими фаъолияти АБ давлатҳои аъзои ИДМ ба ҳисоб меравад. Вазифаи дигари муҳими комиссияи мазкур- ин коркарди санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муҳими танзими ҳукуқӣ ба шумор меравад.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, намояндагон ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






