Дар Душанбе бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар мавзуи «Мақом ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025» ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа иштирокдорон дар бораи ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаммоҳои экологии замони муосир, масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби тозаи ошомиданӣ дониста мешавад, сухан гуфтанд.
Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо доир ба мавзуи «Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» иброз намуд, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии бештар аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Гуфта шуд, ки дар Маркази омӯзиши пиряхҳо оид ба иҷрои самтҳои асосии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо чандин ҳуҷҷат таҳия гардидааст.
Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамзамон доир ба вазъи кунунии пиряхҳои ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






