Дар Душанбе Барномаи Рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 муаррифӣ карда шуд

Апрель 25, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муаррифии расмии Барномаи Рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030  ва баррасии масъалаҳои ҳамоҳангкунӣ ва ҳамкорӣ дар татбиқи он муколама  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати номбурда хабар доданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкили низоми кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Тағйироти сохторӣ дар низоми кишоварзии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ислоҳоти қаблан амалишуда самараи хуб ба бор овард.

Дар истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин пешбурди навовариҳои технологӣ дар истеҳсолот ва коркарди аввалия тамоюли мусбат мушоҳида мешавад.

Инчунин ба иштирокдорони муколама оид ба Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 қабул гардидааст, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳоло бо шарикони рушд дар бахши ислоҳоти муҳими аграрӣ фаъолияти муштарак ба роҳ монда шудааст.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад