Дар Душанбе доир ба принсипҳои асосии муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Апрель 11, 2023 11:57

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 11 апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзуи «Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ташаккул ва рушди заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об,  рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм,  кишоварзӣ,  нақлиёт, Палатаи савдо ва саноат, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани умумиҷаҳонии намояндагони мардумии Чин, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки  имрӯз ба шарофати дурандешии сиёсии раҳбарияти ду давлат ва баррасии ҳамаҷонибаи сабақҳои таърихӣ ҳамкории дуҷониба намуди нав пайдо карда, ба рушди минбаъдаи мусбати равобити Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуд. Ин барои инкишофи минбаъдаи ҳамкории барои ҳамдигар фоидабахш заминаи устувор мегузорад.

Тазаккур дода шуд, ки Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин давлат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Эъломия дар бораи Принсипҳои асосии равобити Тоҷикистон ва Чин 9 марти соли 1993 ба имзо расида буд. Ин хуҷҷат ба инкишофи муносибатҳои дуҷониба ба манфиати халқҳои ҳар ду мамлакат заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузошт.

Дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон оид ба ҳамкории судманд байни ду давлат ва нақшаҳои оянда ибрози назар карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2023 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид