Дар Маҷлиси намояндагон оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзуи «Тоҷикистон. Ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об» ҳамоиши парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эътилофи обу иқлим, раиси Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об ва иқлим, ки ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд, нақши муассир ва ҳалкунанда мебозанд.
Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон беш аз бист сол боз масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои об ва тағйири иқлимро дар рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ пеш мебарад ва дар ин муддат бо ташаббуси Сарвари давлат Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об 9 қатънома қабул кард, ки татбиқи онҳо ба ноил шудан ба ҳадафҳои мувофиқашудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи муносиб гузошт.
Воқеан ҳам, татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат ба рушди инсоният, идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, кам намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба ҳаёти мардум ва иқтисодиёт, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои дастурӣ, аз ҷумла системаҳои иттилоотӣ ва суръат ёфтани корҳои илмию тадқиқотӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин таъкид карда шуд, ки натиҷаи чорабинии имрӯза ва қабули тавсияҳо ба таҳкими ҳамкорӣ байни мақоми олии қонунгузор бо вазорату идораҳои марбута, муассисаву марказҳои гуногуни илмии мамлакат ва коршиносону олимони соҳа заминаи воқеӣ гузошта, ба раванди амалишавии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба ҳалли масоили об мусоидат менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






