ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хоруғ ярмаркаи фурӯши ниҳол, тухми сабзавоту зироат ва кӯчати гулу буттаҳо доир карда шуд
ХОРУҒ 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони марказии шаҳри Хоруғ бозори фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ, гулу бутта ва тухми сабзавоту зироат баргузор гардид, ки дар он боғдорону гулпарварони маҳаллӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Дар ярмарка зиёда аз 9 ҳазор навъи гуногуни ниҳолу кӯчати гулҳо ба фурӯш гузошта шуд. Директори бахши вилоятии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «бо мақсади рушди соҳаи боғдорию гулкорӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ аз меваю сабзавот, гулзор намудани хиёбону кӯчаҳои шаҳр ва аз ҳама муҳим- таъмини амнияти озуқаворӣ чунин ярмаркаҳо ба роҳ монда мешаванд».
Сол аз сол масоҳати қитъаҳои замини корам аз ҳисоби замини бекорхобида чӣ дар ҳамворӣ ва чӣ дар кӯҳдоманҳо рӯ ба афзоиш дорад ва ба ин васила талабот ба ниҳолу кӯчати гулҳо ва тухмии сабзавоту зироат низ дар ҳоли афзоиш аст. Дар ярмаркаи имсола боғпарварон аз вилоятҳои Хатлону Суғд низ иштирок доштанд. Дар ин ҷо зиёда аз 300 бех ниҳоли зардолу, гелосу шафтолу ва кӯчати гулу тухмии сабзавоту зироат аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Истаравшан ва Исфараи вилоятҳои Хатлону Суғд ба фурӯш гузошта шуд, ки дар муддати кӯтоҳ харидорони худро пайдо кард.
Сокини ноҳияи Шуғнон Нозигул Элназарова, ки чандин сол боз ба парвариши ниҳол машғул аст, гуфт, ки “ман чанд бех ниҳоли зардолу харидам. Ин ниҳолҳо аз ноҳияи Исфара оварда шудаанд ва ба иқлими вилояти мо мутобиқ ҳастанд. Бахусус навъҳои мирсанҷалӣ, зардолуи хурмоӣ, субҳонӣ, тоҷибоӣ меваи ширину лазиз доранд ва баъди хушк кардан то баҳори оянда сифати худро аз даст намедиҳанд”.
Чанд соли охир сокинони шаҳри Хоруғ дар манзили худ меваҳои ситрусӣ парвариш мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, ҳосили хуб ҳам ба даст меоранд. Ниҳолпарвар аз ноҳияи Дарвоз Мутрибшо Исмоилов имсол ба ин ярмарка ниҳолҳои зиёди лимӯ овардааст ва бо нархи дастрас ба харидорон пешкаш намуд. Ин ниҳолпарвар гуфт, ки чанд сол боз дар ин гуна ярмарка иштирок мекунад ва харидорони доимии худро пайдо намудааст. Баъзе аз онҳо аз дарахти дар манзилашон парварда аз 40 то 60 дона лимӯ ба даст меоранд.
Ходими илмии Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки зиёда аз 60 намуди тухми гулу буттаҳо, растаниҳои яксолаву бисёрсола ва гиёҳҳои шифобахшро ба фурӯш гузоштааст. Дар баробари таъмини боғдорону гулкорон бо тухмии гулу ниҳол олимон ҳамчунин дар парвариш ва нигоҳубини меваҷоту сабзавот ва гулу буттаҳо ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд медиҳанд.
Чунин ярмарка дар маркази дигар ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор ҷиҳати татбиқи он чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 200 гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад
Парвариши ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ ба мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи мошингарди Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор беш аз 3000 бех дарахти арча шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат беш аз 42 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
Дар Тоҷикистон ниҳолшинонӣ дар се марҳила гузаронида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН. Дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе беш аз 500 бех ниҳоли ороишии санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 30 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг тақрибан 10 ҳазор бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Ваҳдат садҳо бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд






