Доир ба тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти маҷозӣ доир шуд

Апрель 17, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел мулоқоти коршиносону мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба лоиҳаҳои ҷорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ дар шакли маҷозӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Мақсад аз баргузории мулоқоти мазкур аз таҳлил ва баррасии корҳои вобаста ба тармим, барқарорсозӣ ва анҷом додани корҳои дизайнӣ- ландшафтӣ дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии «Ҳулбук — пойтахти Хутали қадим» (ноҳияи Восеъ), «Хоҷа Машҳад»  (ноҳияи Шаҳритус), «Қалъаи Ямчун» (ноҳияи Ишкошим) ва ёдгории табиию фарҳангии «Чилучорчашма» (ноҳияи Н. Хусрав) иборат буд, ки бо ҷалби маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия иштирок ва сухан  намуданд.

Бояд гуфт, ки корҳои лоиҳакашӣ ва дизайнии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби ширкати итолиявӣ ва коршиносони Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) анҷом ёфтааст.

Иштирокчиёни мулоқот ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ пешбурди корҳоро мусбат арзёбӣ карда, оид ба идомаи корҳои тармим, барқарорсозӣ ва дизайни ландшафтӣ ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо  қарори ЮНЕСКО шуруъ  аз  соли 1984 ҳамасола 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 17, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд