ФУТБОЛ. «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Равшан» ва «Эсхата» дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел бозии охири даври якум ва марказии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд хеле ҷолиб доир шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби калони 4 бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов ду маротиба, Ромиш Ҷалилов ва Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расониданд.
Алишер Ҷалилов аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки 1 ва 2 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид.
Мавсими нав бо бозии дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар шуруъ шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 0 ба нафъи дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода анҷом ёфт. Голҳоро Абдухалил Боронов, Шерзод Маҳмадиев ва Нуриддин Ҳамроқулов ба нишон расониданд.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 дар майдони худ бар дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Қаҳрамони вохӯрӣ ҳамлагари дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Тоҳир Малодӯстов гардид, ки муаллифи ду гол шуд.
Бояд иброз дошт, ки бозии байни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:2 бар нафъи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Дар идомаи рақобатҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бозии дастаҳои «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Файзканд»- и ноҳияи Восеъ хеле ҷолиб доир шуда, мухлисони зиёди футболро ба ҳам овард.
Нахуст дар дақиқаи 13-ум бозингари дастаи «Файзканд» Шавкати Ҳотам дарвозаи мизбононро рахна намуда, ҳисоби бозиро кушод. Пас аз танаффус дар дақиқаи 85-ум бозингари дастаи «Ҳосилот» Саймухтор Азимов бо задани зарбаи 11-метра ҳисоби бозиро баробар намуд. Бозингари дастаи «Файзканд» Мустафо Миликшоев ҳисобро дар дақиқаи 86-ум ба нафъи ҳамдастаҳояш тағйир дод. Дар дақиқаи иловагии бозӣ легионери дастаи «Ҳосилот» Мусиси Фароук ҳисоби бозиро баробар намуда, дастаашро аз бохт наҷот дод.
Ҳамин тариқ, дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бозияшонро бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд.
Дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 7 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар даври навбатӣ 7 апрел бо дастаи «Регар – ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозӣ мекунад.
Баъди бозиҳои даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пас аз ин ғалаба бо касби 3 имтиёз ва тафовути тӯбҳо дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Ҳоло беҳтарин нишонзани мусобиқа пас аз даври якум Бахтиёр Зарипов аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 3 гол маҳсуб мешавад.
Лигаи олӣ | Даври 1-ум
«Истиқлол» 4:0 «Хуҷанд»
Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 16 (1:0). Алишер Ҷалилов, 32 (2:0). Алишер Ҷалилов, 44 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (4:0).
Шаҳри Душанбе «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», 1500 тамошобин
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар бозии санҷишӣ бо Каледонияи Нав ҳисобро мусовӣ кард
«Регар-ТадАЗ» барои иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 ба Бишкек сафар кард
Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс ҷамъбаст гардид
Довталабони иҷозатномаи «PRO» оид ба футбол таҷрибаомӯзиро дар дастаи миллии Тоҷикистон анҷом доданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
«МегаФон Тоҷикистон» шарики кулли Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид
Замони баргузории бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Малдивро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозӣ бо Малдив ба шаҳри Мале рафт
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби мақоми ҳафтум гардид






